WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

Вакилони Маҷлиси намояндагон дар кумитаву комиссияҳо ба фаъолият шурӯъ намуданд

ДУШАНБЕ, 16.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди таътили тобистона ба фаъолият оғоз карданд.

Тавре котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, вакилони мардумӣ 15 август дар кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон ба кор баромаданд.

Ба иттилои манбаъ, тибқи дастури Маҷлиси намояндагон, шурӯъ аз моҳи октябр дар Душанбе ҷаласаҳои ин ниҳод баргузор мегарданд.

Зимнан, палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат буда, онҳо ба муҳлати панҷ сол тавассути  овоздиҳии пинҳонӣ дар ҷараёни баргузории интихоботи парлумонӣ  интихоб карда мешаванд.

28 июн дар Душанбе ҷаласаи хотимавии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор гардид. Зимни он Раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров иттилоъ дод, ки дар давраи ҳисоботӣ дар 24 ҷаласаи ин ниҳоди олии қонунгузор аз рӯйи 171 масъала қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Аз ҷумла, 97 қонун ва тағйиру иловаҳо ба қонуну кодексҳои амалкунанда, 23 созишномаи байниҳукуматӣ ва дигар барномаву санадҳо ба тасвиб расонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки вакилони мардумӣ шурӯъ аз 1 июл ба таътили тобистона баромада буданд.