WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Сиёсат

Ҳақиқатро инкор кардан мушт бар санги хоро задан аст

          «Амалҳои даҳшатноки террористӣ ,ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида ,боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд,возеҳ нишон медиҳанд,ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст».

          Аз суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ ,Пешвои миллат дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон .26.12.2019

   Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз имрӯз дастури рӯйимизии ҳар шаҳрванди асосии миллати тоҷик буда,моро муаззаф месозад,ки дар амал татбиқ намудани нуқоти муҳими Паёми имсола тамоми неруи ақлонию зеҳнии худро масраф намоем. Суханони шаккарвор гуфтаи Пешвои миллат дар боло зикршуда бори дигар собит менамоянд,ки ҳизби наҳзати исломӣ имрӯз яке  аз ҳизбҳои террористӣ дар миёни мардум маълуму машҳур буда,Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 29-соли охир ,хусусан аз солҳои 90-уми асри гузашта  то ин ҷониб ба масъалаҳои мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм таҷрибаи  калон ба даст овардааст. Чи хеле  аён аст,аз нахустин давраҳои рушду такомули ҷомеа бар зидди ҷинояткорон муборизаи шадид бурда истодаанд. Имрӯзҳо ҷиноят ба ҷинояткорон дар тасаввур ва афкори маъмулӣ ҳамчун як амали манфӣ нақш бастааст. Терроризм ва эксремизм раванди ҷонибдории усулҳои ифротӣ,ки аз тарафи ҳизбҳо,созмонҳо,гуруҳҳои сиёсӣ ва ҳатто аз ҷониби баъзе давлатҳои ДОИШ дастгирӣ меёбанд,дониста мешаванд. Ифротгароӣ ин фаъолияти ифротии шахсони алоҳида барои даъвати нооромӣ,дигаргунӣ дар сохти конститутсионии давлат ,барҳам задани ҳокимият ,ангезонидани нажод парастӣ ,миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва ба ин монанд амалҳоро дар бар мегирад.

       Тоҷикистони азизи мо  имрӯз рӯ ба тараққӣ овардаю марҳила ба марҳила тадриҷан пеш мераваду  пайваста ободу зебо,тинҷу осоишта мешавад ва дар тамоми ҷодаҳои зиндагӣ ба комёбиҳои беҳамто ноил гардидаанд. То ҳатто ба ҳамагон аён аст,ки шаҳрвандони берунмарзӣ ҳам эътироф менамоянду ба миллати сарфарози мо садҳо аҳсан мегӯянд,ки дар давоми 29-соли Истиқлолияти давлатӣ бунёдкориву созандагиҳоро ,ки абармандони халқи куҳанбунёди тоҷик,хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат ,Президенти мамалакат соҳибэҳтиром Эмомалӣ Раҳмон  роҳандозӣ намудаанд,ки таърихи беш аз ҳазорсолаи ин миллати фархунда ёд надораду ҳазорон давлатҳои ҷангзада ҳам орзуи ин осоиштагию амониро доранд.

    Вале афсӯс,ки бархе аз бадхоҳони миллат ,барои онҳое,ки нотавонбинанду худкому бадтинату нопоканд,бахусус онҳое,ки пайрави ашаддии наҳзати исломанд,ин ҳама  дастовардҳову шарафмандиҳои кишвари хуршедии моро дардовару беқарор месозанд.Онҳо аз руйи ғаразу хусумат ва ҳасаду рашк ба ҳар баҳона талош меварзанд,то санги бӯҳтону иғво ба ин коҳи пуршукуҳу азими Ваҳдати миллии мо,к и бо сад ҷонбозиҳою талошҳои шабонарӯзаи Пешвои миллат ба даст омада буд,биафкананд ва боз халқи ҷафокашидаи миллати моро ба гирдоби бало гирифтор намоянд. Афсӯс,ки зумрае аз чунин бадтинатону ифротгароён ,ҳангомаҷӯёну наҳзатиён ,манфиятҷӯёну ватанбезорони дилкӯр ,ки бештари худи онҳо аз байни тоҷикзодагонанд,чун фарзандони нохалаф ба Ватан –Модар хиёнат кардаанду мекунанд. Иддае аз онҳо ба гуруҳи ифротгароёну наҳзатиҳо ,ба созмонҳои террористию экстремизмӣ пайвастаанду ,фиреби доми хоҷагони хориҷӣ шуданду қисми дигари онҳо бо аъмоли хиёнатгароёнаю ваҳшиёна , истифода аз ақли носолими худ пардохтаанд.

          Бо итминони комил ,бо боварии том ҷасуронаю нотарсона гуфта метавонем,ки ба ин зумраи ашхосони нохалаф роҳбарият ва аъзои ҳизби мамнуъи наҳзати исломӣ шомил ҳастанд. Наҳзати ислом имрӯз чун ҳизби террористӣ эътироф шудааст. Терроризм ва экстремизм ,ки хатари ҷаҳонӣ гардидааст,ба амнияту субот ва Истиқлолияту Ваҳдати миллии мо таҳдиди ҷиддӣ доранд,яке аз масоили мубрам ва муҳим дар замони имрӯз ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ,Ваҳдати Миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистони азиз ба шумор меравад .Дар ин замина ҳар яки моро зарур аст,ки аҳли ҷомеаро аз равандҳои муосири ҷаҳонишавӣ ва созмону гуруҳҳои ба ном исломии ифротгаро огоҳ намоем,то ба доми амиқи ин қабил афроди тундраву беватан гирифтор нагарданд ва аз ҳар гуна шомилшавии ҷавонон ба гуруҳи террористию экстремизмӣ эҳтиёт бошанд. Бинобар ин ҳар шаҳрванди соҳибақл ,бахусус мо маорифчиён пайваста дар байни халқи омма ташвиқоту тарғибот гузаронида ,агар соате каме таъхир намоем,дер мекунем ,зеро ҷавонону  наврасон  аз ҳама қишри осебнопазиранд ,ҳар лаҳза метавонанд фазои холигии ононро насли наврас ,ҷавонони сабукфикр ва кам маърифат  фирефтаи  ваъдаҳои холии гумроҳон шуда,то ҳатто ҳанӯз ҳам мекӯшанд сафи ҳамақидаҳояшонро биафзоянд.

        Албатта, ин ҳолат боиси нигаронист. Барои пешгирию ҷилавгирӣ аз бегонашавию дигар падидаҳои  номатлуб  моро мебояд,ки ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллии ҷомеаро баланд бардорем.

       Пешвои миллат дар Паёми имсола дар ҷойи дигар чунин фармудааст: «Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтиҷрибаву ноогоҳ  ғояҳои тудгароиро ҷой карда ,онҳоро ба қатлу куштор ,бар ҳам задании амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд».

      Аз ин рӯ , агар мо сатҳи худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандории ҷавононро баланд  набардорем ,агар неруи созандаи ҷавононро аз роҳбарони созмонҳои ифротгаро аҳком ва шариати дини мубини Исломро бо андешаҳои шахсии хеш олуда пок созем,ақидаҳои разилонаашонро аз зеҳни ҷавонон дур созем ,ба хусус мафҳуми калимаи «ҷиҳод» -ро ба ҷавонон дуруст фаҳмондан лозим .

         Умуман миёни мардум ҳикматест  машҳур,ки  «ҳақиқатро инкор кардан мушт бар санги хоро задан аст .Бинобар ин  агар ҳақиқат заволнопазир ва устувору тавоно бувад  ва онро нодида гирифтанд ба ин ҳикмати баҳснопазиру ҳазорҳо маротиба дар заминаи воқеаҳои таърихӣ собитшуда шубҳа кардан камоли аблаҳист.

Директори мактаб-интернати  ҷумҳуриявии н.Рушони ВМКБ ба номи Карамшоев Д .Чоршанбиева  Лайло .П

Наврӯзи РӯшонРӯзи 21 март кӯчаҳои деҳаи Баррӯшон серодам буд. Мардум сару либоси идона бар тан машғули гаштугузори идона. Наврасону ҷавонон машғули бозиҳои Наврӯзӣ ва хандаҳои шодмононаи онҳо баланд садо медод.Шиору овезаҳои мухталифи Наврӯзӣ деворҳои биноҳои ҳукуматӣ, муассисаҳои таълимиву мағозаву корхонаҳоро оро медоданд.Дар варзишгоҳи деҳа идораву муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои деҳқонӣ намоиши идонаро пешкаши тамошобинон намуда, дар рухи ҳар яки онҳо шодиву фараҳ ҳувайдо. Созу суруди наврӯзӣ дар ҳавои варзишгоҳ танинандоз.Мардум интизори роҳбарияти вилояту ноҳия.Расо соати даҳ роҳбарияти ноҳия дар ҳайати сарпарасти ноҳияи Рӯшон аз Ҳукумати Марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, муовини якуми раиси ВМКБ Сафарзода Шарифхон, раиси ноҳияи Рӯшон Аҳмадзода Илҳом Шамол ба дарвозаи варзишгоҳ расиданд. Дар пеши дарвоза бонувон меҳмононро бо дуҳули даф, ки рамзи хушбахтиҳост истиқбол карда, пас шогирдони мактаби санъат ва макотиби ноҳия меҳмонони олиқадрро бо қироати шеърҳо дар васфи Наврӯзи аҷам ва рақсу суруди хушомадӣ пешвоз гирифтанд.Баъдан меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастовезҳои идораву муассисаҳои ноҳия, муассисаҳои таълимӣ, кормандони ҳифзулсиҳат, корхонаҳои саноатии ноҳия, маҳсулоти хоҷагиҳои деҳқонӣ, хӯрокҳои миллии дар худи варзишгоҳ тайёр шуда дидан карда, ба заҳмати мардум баҳои баланд доданд.Баъдан меҳмонон навхонадоронро ба ифтихори издивоҷашон муборакбод гуфта, ба онҳо шаҳодатномаи ақди никоҳ ва маблағи пулӣ тақдим карданд. Ҳамчунин ба халифаҳои расмии ноҳия ва собиқадорони меҳнат низ маблағҳои пулӣ ба хотири гиромидошташон супориданд.Сипас сарпарасти ноҳияи Рӯшон аз Ҳукумати Марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, баъдан муовини якуми раиси ВМКБ Сафарзода Шарифхон ва сипас раиси ноҳияи Рӯшон Аҳмадзода Илҳом Шамол сухан карда, ҳозирин ва дар шахсияти онҳо тамоми мардуми тоҷикро ба ифтихори ин ҷашни бузурги ниёгон табрику муборакбод гуфтанд.Аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия композитсияи адабӣ мусиқии “Наврӯз оламафрӯз” пешкаши меҳмонон ва аҳли нишаст гардонда шуд, ки саропо аз сурудҳои наврӯзиву баҳори нозанин иборат буд.Пас аз нисфирӯзӣ бозиҳои варзишӣ аз қабили гӯштини миллӣ, арғамчинкашӣ, волейболбозӣ ва ғайра доир гаштанд.Дар Ҷашни Наврӯзи Рӯшон меҳмонону паҳлавонону варзишгарон аз навоҳии Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, шаҳри Хоруғ, Роштқалъа ва Ишкошим ширкат варзиданд.Дар бозии волейболи занона ҷавондухтарони маркази ноҳия бо шогирдони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 ва дар бозии волейболи мардона тимҳои деҳаи Бардара ва Деҳ бо ҳам рақобат карданд ва ҷавондухтарони маркази ноҳия ва тими деҳаи Деҳ ғолибиятро ба даст оварданд.Дар арғамчинкаши дастаи варзишгарони ноҳияи Ванҷ ба дастаи ноҳияи Рӯшон ғолиб баромада, соҳиби мукофот гардиданд.Дар гӯштини миллӣ шоҳҷоизаро варзишгари номии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шакармамадов соҳиб гашт.Гаштугузори идона то бегоҳ идома ёфт.