WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Ахбор

Тантанаи якдилӣ

Ба ифтихори 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Қасри фарҳанги ноҳия ҷамъомади бошукуҳи оммавӣ баргузор шуд. Пеш аз оғози маҷлиси тантанавӣ роҳбарият ва ҳозирин бо маҳсули дасти ҳунармандони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, ки дар саҳни Қасри фарҳанг ба намоиш гузошта шуда буд, шинос шуданд…

        Дар ибтидои ин тадбири муҳими сиёсӣ Суруди миллӣ садо дода, раиси ноҳияи Рӯшон Додхудоев Фаррух доир ба Ваҳдати миллӣ ва истиқрори саро-сарии кишвар маърӯза кард. Нотиқ дар суханрониаш тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати ин ҷашн табрик намуда, барои ҳамагон рӯзгори хуш, саломатӣ ва сулҳу оосудагиро таманно намуд. Раиси ноҳия изҳор намуд, ки ваҳдат ва истиқлолият мафҳуми ягона буда, та-вассути фидокориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии халқи шарифи мамлакат ба даст омадаанд. Дар зарфи солҳои истиқлолият дар соҳаҳо иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маориф, илм, фарҳангу варзиш ҷам дар миқёси ҷумҳурӣ ва ҷам дар сатҳи вилояту ноҳия ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем, аммо бузургтарин неъмат барои халқи шариф ин сулҳу ваҳдат мебошад. Боиси ифтихор аст, ки идома дод, раиси ноҳия таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон имрӯз дар манотиқи доғи кишварҳои дигар мавриди истифода қарор гирифтааст. Чунин иқдоми беназир боис шуд, ки Тоҷикистони ҷангзада дар муддати кӯтоҳи таъриӣї оқибатҳои хисороти моддиро бо заҳмати созанда ҷуброн карда, ба давлати орому осуда ва пеш-рафта мубаддал шавад… Аз ҷониби мақомоти ҳокимияти дав-латии ноҳия ба иддае собиқадорони меҳнат ва фаъолони соҳаҳои гуногун ифтихорномаҳои раиси ноҳия, туҳфаҳои моддию маблағӣ супорида шуд. Ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳия, шогирдони мактаби санъати ноҳия ва МТМУ №9 ба номи О. Илчибеков барномаи рангини идонаро иборат аз қироати шеър, замзамаи суруд, адои рақс, ки саршор аз мавзӯи ваҳдату дӯстӣ буд, тақди-ми мухлисон намуданд. Иди Ваҳдат дар фазои дӯстию амонӣ сурат гирифта, мардум ба таври оммавӣ фароғат намуд.