WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Сиёсат

ПИРӮЗИИ НАВРАСОНИ НОҲИЯИ РӮШОН ДАР ОЗМУНИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ” МО БО ШУМОЕМ”.

Санаи 9.06.2021 дар шаҳри Хоруғ бо ибтикори КИ ҲХДТ дар ВМКБ даври вилоятии озмуни “Мо бо шумоем” бо иштироки наврасони имконияташон маҳдуд аз шаҳру навоҳии вилоят доир карда шуд. Дар озмун иштирокдорон аз рӯи 3 наминатсия, суханварӣ ва қироати шеър, сурудхонӣ ва навохтан дар асбобҳои миллию замонавӣ баромад намуданд.
Боиси ифтихор аст, ки аз ноҳия 2 нафар наврас, ки дар даври озмуни ноҳиявӣ ҷойҳои аввалро ишғол намуданд ба озмуни вилоятӣ иштирок намуда ҷойҳои фахриро ишғол намуданд.
Аз рӯи наминатсияи суханварӣ ва қироати шеър хонандаи синфи 4 МТМУ #7 Лофидинова Маҳина бо шеъри эҷодкардаи худ баромад намуд ва сазовори ҷойи аввал гардида, бо дипломи дараҷаи 1 ва мукофоти пулӣ аз тарафи КИ ҲҲДТ дар ВМКБ қадрдонӣ гардида ба озмуни даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Аз рӯи наминатсияи сурудхонӣ Вазиров Сайнӣ касбомузӣ Литсейи касбии махсуси маъюбон баромад намуда ҷойи сеюмро ишғол намуда бо мукофотҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд. Дар озмун инчунин муовини раиси ВМКБ Анвар Иматшозода иштирок намуда тамоми довталабонро барои иштироки фаъолона ва нишон додани маҳорату истеъдоди баланди суханварӣ ва сурудхонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда эшонро бо тӯҳфаҳои молию пулӣ сарфароз гардонид. Чорабинии доиргардида дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ ташкил карда шуд.

МУБОРИЗА БО САВДОИ ОДАМОН -ВАЗИФАИ МУҲИМИ ҶОМЕАДар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат бо савдои одамон баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту идораҳо, инчунин фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.Ҷаласаро раиси ноҳия Рушон муҳтарам Аҳмадзода Илҳом Шамол ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки мубориза бо савдои одамон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ буда, ҳамкории зичи тамоми сохторҳоро талаб менамояд. Таъкид гардид, ки пешгирии ин зуҳуроти номатлуб, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон аз вазифаҳои асосии комиссия маҳсуб меёбад.Инчунини дигар аз рӯи масъалаи мазкур прокурори ноҳияи Рӯшон мушовири адлияи дараҷаи якум Иброҳимзода Нозирҷон, муовини якуми сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рушон Абдуллозода Собир, сардори Шуъбаи КДАМ дар ноҳия Рӯшон Ғоибов Парвиз, раиси Суди ноҳияи Рушон Баҳридинзода Ҳилол ва корманди Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ Чоршанбев Далер сухан ронда оид ба вазъи кунунӣ, тадбирҳои андешидашуда ва нақшаҳои минбаъда дар самти муқовимат бо савдои одамон маълумот пешниҳод намуданд. Ҳамзамон, масъалаҳои таҳкими ҳамкории байниидоравӣ, вусъат бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ва дастгирии қурбониёни савдои одамон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Дар фарҷоми ҷаласа ба масъулин ҷиҳати тақвияти фаъолияти пешгирикунанда, баргузор намудани корҳои иттилоотию маърифатӣ ва иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳо супоришҳои мушаххас дода шуда, ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.