25 январи соли равон бо ибтикори бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон дар Қасри фарҳанг озмуни «Дастархонороӣ» баргузор гардид. Ин тадбир баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 таҳти № АП-1140 роҷеъ ба баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 ва бо риояи Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» таҳия гардид.

Мақсади гузаронидани озмун имконият фароҳам меорад, ки тавассути ҳавасмандкунии шаҳрвандон таомҳои миллӣ дар маҳаллҳо эҳё гардида, бо истифодаи сарфакории моҳирона сифати оростани дастрахон дар тўю маъракаҳо беҳтар гардад.
Дар озмуни номбурда намояндагони чор Ҷамоати ноҳия, ки мувофиқи хоҳиш барои иштирок дар озмун номнавис гаштаанд, иштирок намуданд. Иштирокчиён мувофиқи имконияту шароит дастархонро ороста ҳайати ҳакамон аз рўи шартҳои: сарфакории моҳирона (ҳунармандона) оростани дастархон, зебо, хушоянд ва дилписанд будани дастархони оросташуда, риояи анъанаҳои миллӣ дар дастархони оросташуда, мавҷудияти таомҳои миллӣ дар дастархон ва ба замона мутобиқат кардани дастархони оросташуда, ба онҳо баҳогузорӣ намуданд.
Баъди ҷамъбасти холҳо – ҷойи аввалро Наргис Назаралиева – намояндаи Чамоати Рўшон, ҷойи дуюмро Бастхотун Аёзова – намояндаи Ҷамоати М.Абдулвосиев ва ҷойи сеюмро Мавзуна Руштова – намояндаи Ҷамоати Н.Додхудоев соҳиб гаштанд.
Ғолибонро муовини раиси ноҳия Дўстализода Гулмаст аз номи раиси ноҳия ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таҳният гуфта, онҳоро бо диплом ва мукофоти молӣ сарфароз гардонд.