WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Сиёсат

Доғи сиёҳ дар таърихи миллат.

Хотираи неки устод Осимӣ дар қалбҳои мо боқист

Яке аз амалҳои нангини ташкилоти террористии наҳзати исломӣ дар солҳои навадуми асри гузашта кушта шудани шумораи зиёди олимону донишмандон ва умуман зиёиён буд. Дар хусуси чунин ҷиноятҳои мудҳиши наҳзатиҳо филмҳои мустанад ва гузоришҳои телевизионӣ ҳам намоиш дода шудаанд, ки дар онҳо шоҳидони он воқеаҳои хунин суханронӣ карда, террорҳою кушторҳои наҳзатиҳоро  тасдиқ намудаанд.

Мақсади асосии роҳбарияти ташкилоти террористию экстремистии наҳзатӣ аз куштори равшанфикрони тоҷик, дар ҷомеа ба вуҷуд овардани фазои тарсу ноумедӣ ва даҳшат буд. Бо ин гуна амалҳои палидона онҳо мехостанд вазъияти кишварро ноором сохта, ҳадафҳои шуми худ, яъне бо роҳи зуроварӣ ғасб кардани қудрати сиёсӣ ва тағйир додани сохти давлатдориро амалӣ кунанд.

Мутаассифона, дар он замон аз дасти қотилони наҳзатӣ яке аз беҳтарин фарзандони миллати тоҷик – файласуфи забардаст, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, арбоби шоистаи илми тоҷик, устод Муҳаммад Осимӣ ҳам ба қатл расонда шудааст.

Террори мазкурро 27-уми июли соли 1996 бо супориши роҳбарияти наҳзат саркардаи яке аз дастаҳои қотилони наҳзатӣ Нуралиев Элмурод бо ҳамроҳии аъзои гуруҳаш Саидов Амрулло дар долони мактаби миёнаи рақами 7-уми шаҳри Душанбе бо шеваи ниҳоят ваҳшиёна ва бераҳмона анҷом додаанд. 

Он қотилони хунхор олими машҳур ва инсони шариф – Осимиро тарсуёна террор карданд. Аммо устод Муҳаммад Осимӣ бо  далерию ҷасорати ба худ хос то охирин лаҳзаи ҳаёташ пеши он нобакорони разил сар хам накардааст.

Ҳаёту фаъолияти устод Осимӣ, ки як мактаби бузурги илму маърифатомӯзӣ ва хизмат ба мардум аст, воқеан омӯзанда ва намунаи ибрат мебошад. Ёдовар мешавем, ки давраи хурдсолию навҷавонии Муҳаммад Осимӣ ба замони мушкили таърихӣ рост омада буд. Бо вуҷуди ин ӯ ҳамеша дар раҳи омӯхтани илму маърифат меҳнату кушиш ба харҷ дода, ҳануз дар соли 1941-ум Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм кардааст. Аз аввали саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Осимӣ ҳамчун ватандӯсти асил ва фарзанди шуҷои тоҷик ихтиёрӣ ба фронт рафта, панҷ соли ҳаёти худро ба ҳимояи Ватан бахшид. Далерию ҷонфидоии Осимӣ, ки дар  Ҷанги Бузурги Ватанӣ зоҳир кардааст, бо ордену медалҳои «Ҷанги Ватании дараҷаи 1», «Ситораи Сурх», «Нишони Фахрӣ», «Барои мудофиаи Ленинград», «Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945» ва ғайра қадрдонӣ шудаанд.

Бисёр аламовар аст, ки ин фарзанди фарзонаи миллат панҷ сол бар зидди фашистон ҷангида, саломат ба Ватан баргаштааст ва солиёни зиёд дар хизмати мардум буд, аммо аз дасти ҳамватанони разилу палиди худ кушта шуд. Албатта ин амали нангини қотилони наҳзатӣ ҳамчун доғи сиёҳе дар таърихи миллати тоҷик боқӣ монда, то кадом андоза хунхору душмани Тоҷикистон будани ин тудаи нобакорро нишон медиҳад.

Баъди баргаштан аз фронт Муҳаммад Осимӣ ҳаёти худро ба илму маориф бахшида, ҳамеша дар хизмати мардум будааст. Солҳои  1946—1952 ба сифати мудири кафедраи физика ва муовини директор оид ба корҳои илмию таълимии Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд, муовини директори Донишкадаи омӯзгории ш. Хуҷанд, солҳои 1952—1955 аспиранти Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ ҲКИШ, солҳои 1956—1962 ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва соли 1962 Вазири маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1962—1965 раиси Коммитети назорати ҳизбию давлатӣ, котиби КМ ҲК Тоҷикистон ва ҷонишини раиси Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон буд. Аз соли 1965 дар вазифаи Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият мекард ва ҳамзамон вазифаи раиси Ҷамъияти тоҷикони ҷаҳон – «Пайванд»-ро бар дӯш дошт.

Устод инчунин аз солҳои 80-ум дар кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев ба донишҷӯён ва аспирантон аз фанни фалсафа дарс гуфта, зери роҳбарии ӯ шогирдони зиёде рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намудаанд.

Осимӣ ҳамчун ходими сиёсӣ ва ҷамъиятӣ вакили съездҳои ХХIУ, ХХV ва ХХVI-и ҲКИШ, депутати Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 6), депутати Совети Олии ИҶШС (даъватҳои 7 ва 14) ва аъзои КМ ҲК Тоҷикистон буд.

Самтҳои асосии фаъолияти илмии Осимӣ фалсафаи табиатшиносӣ, таърихи фалсафа, забону адабиётро дарбар гирифта, вай муаллифи зиёда аз 10 асар ва 250 мақолаҳои илмӣ мебошад. Таълифоти устодро масъалаҳои худшиносӣ, тадқиқи паҳлӯҳои осори Амир Хусрави Деҳлавӣ, масоили ҳастишиносӣ, аз ҷумла тасвири физикии олам ва муаррифинамоии нақши тоҷикон дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ дарбар мегиранд.

Муҳаммад Осимӣ, ҳамчун олими пуркор, омўзгори соҳибмактаб, ходими ҷамъиятию давлатӣ на танҳо дар Тоҷикистону собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, балки дар хориҷа ҳам машҳур буд ва осору таҳқиқоташ аз ҷониби доираҳои илмӣ эътироф гардида буд.

Устод Осимӣ бо малакаи баланди илмӣ дар бисёре аз марказҳои  бонуфузи илмии хориҷӣ маърузаҳо кардаст. Аз ҷумла, дар мавзуоти марбут ба  таърихи тамаддуни Осиёи Марказӣ, таърихи фалсафаи тоҷик, тоҷикон дар масири таърих, фалсафаю методологияи улуми табиатшиносӣ дар ҳамоишҳои илмии байналмилалӣ дар шаҳрҳои Токио, Деҳлӣ, Бомбай, Қоҳира, Париж, Бухарест, Вена ва ғ.  маърўзаҳо карда, дар донишгоҳҳои Ҷавоҳирлол Неҳру, Алигарҳ (Ҳиндустон), Исломобод, Пешовар, Панҷоб (Покистон), Вашингтон, Сиэттл, Колумбия, Ню-Йорк (ИМА) ва Сорбон (Фаронса) баромадҳои илмӣ намудааст. Бешубҳа устод яке аз муаррифгарони илми тоҷик дар арсаи байналхалқӣ буданд.

Муҳаммад Осимӣ солҳои зиёд раиси Кумитаи омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ – комиссияи ЮНЭСКО-и Иттиҳоди Шўравӣ, президенти Ассотсиатсияи байналхалқии омўзиши тамаддуни Осиёи Миёна, мушовири барномаи ЮНЭСКО оид ба омўзиши «Роҳи абрешим» ва инчунин, узви хориҷии ҳайати таҳририи маҷаллаҳои «Осиёи Марказӣ» (Покистон), «Таърихи илм» (Ҳиндустон), «Таърихи илми араб» (Донишгоҳи Ҳалаби Сурия) буд. Устод Осимӣ дар ташкили Академияи улуми Афғонистон фаъолона ширкат варзида, то поёни умр узви фахрии он буд.

Террори устод Муҳаммад Осимӣ аз дасти қотилони наҳзатӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки онҳо душмани миллати тоҷик, душмани илму маърифат ва рушду тараққӣ мебошад. Терроре ки наҳзатиҳо нисбат ба олимону донишмандони тоҷик содир кардаанд, нобахшиданист. Миллати мо, ҷомеаи муттамадини ҷаҳонӣ ҳаргиз онҳоро намебахшад.

Аммо хотираи неки Муҳаммад Осимӣ ва олимону донишмандони дигари тоҷик, ки аз дасти ин палидон кушта шудаанд, абадӣ дар қалбҳои мо боқӣ мемонад.

Азимҷон Раҳмонзода,

номзади илмҳои сиёсӣ

Бознашр аз рӯзномаи «ИмрӯзNews» №106

аз 25 июли соли 2023

Наврӯзи РӯшонРӯзи 21 март кӯчаҳои деҳаи Баррӯшон серодам буд. Мардум сару либоси идона бар тан машғули гаштугузори идона. Наврасону ҷавонон машғули бозиҳои Наврӯзӣ ва хандаҳои шодмононаи онҳо баланд садо медод.Шиору овезаҳои мухталифи Наврӯзӣ деворҳои биноҳои ҳукуматӣ, муассисаҳои таълимиву мағозаву корхонаҳоро оро медоданд.Дар варзишгоҳи деҳа идораву муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои деҳқонӣ намоиши идонаро пешкаши тамошобинон намуда, дар рухи ҳар яки онҳо шодиву фараҳ ҳувайдо. Созу суруди наврӯзӣ дар ҳавои варзишгоҳ танинандоз.Мардум интизори роҳбарияти вилояту ноҳия.Расо соати даҳ роҳбарияти ноҳия дар ҳайати сарпарасти ноҳияи Рӯшон аз Ҳукумати Марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, муовини якуми раиси ВМКБ Сафарзода Шарифхон, раиси ноҳияи Рӯшон Аҳмадзода Илҳом Шамол ба дарвозаи варзишгоҳ расиданд. Дар пеши дарвоза бонувон меҳмононро бо дуҳули даф, ки рамзи хушбахтиҳост истиқбол карда, пас шогирдони мактаби санъат ва макотиби ноҳия меҳмонони олиқадрро бо қироати шеърҳо дар васфи Наврӯзи аҷам ва рақсу суруди хушомадӣ пешвоз гирифтанд.Баъдан меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастовезҳои идораву муассисаҳои ноҳия, муассисаҳои таълимӣ, кормандони ҳифзулсиҳат, корхонаҳои саноатии ноҳия, маҳсулоти хоҷагиҳои деҳқонӣ, хӯрокҳои миллии дар худи варзишгоҳ тайёр шуда дидан карда, ба заҳмати мардум баҳои баланд доданд.Баъдан меҳмонон навхонадоронро ба ифтихори издивоҷашон муборакбод гуфта, ба онҳо шаҳодатномаи ақди никоҳ ва маблағи пулӣ тақдим карданд. Ҳамчунин ба халифаҳои расмии ноҳия ва собиқадорони меҳнат низ маблағҳои пулӣ ба хотири гиромидошташон супориданд.Сипас сарпарасти ноҳияи Рӯшон аз Ҳукумати Марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, баъдан муовини якуми раиси ВМКБ Сафарзода Шарифхон ва сипас раиси ноҳияи Рӯшон Аҳмадзода Илҳом Шамол сухан карда, ҳозирин ва дар шахсияти онҳо тамоми мардуми тоҷикро ба ифтихори ин ҷашни бузурги ниёгон табрику муборакбод гуфтанд.Аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия композитсияи адабӣ мусиқии “Наврӯз оламафрӯз” пешкаши меҳмонон ва аҳли нишаст гардонда шуд, ки саропо аз сурудҳои наврӯзиву баҳори нозанин иборат буд.Пас аз нисфирӯзӣ бозиҳои варзишӣ аз қабили гӯштини миллӣ, арғамчинкашӣ, волейболбозӣ ва ғайра доир гаштанд.Дар Ҷашни Наврӯзи Рӯшон меҳмонону паҳлавонону варзишгарон аз навоҳии Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, шаҳри Хоруғ, Роштқалъа ва Ишкошим ширкат варзиданд.Дар бозии волейболи занона ҷавондухтарони маркази ноҳия бо шогирдони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 ва дар бозии волейболи мардона тимҳои деҳаи Бардара ва Деҳ бо ҳам рақобат карданд ва ҷавондухтарони маркази ноҳия ва тими деҳаи Деҳ ғолибиятро ба даст оварданд.Дар арғамчинкаши дастаи варзишгарони ноҳияи Ванҷ ба дастаи ноҳияи Рӯшон ғолиб баромада, соҳиби мукофот гардиданд.Дар гӯштини миллӣ шоҳҷоизаро варзишгари номии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шакармамадов соҳиб гашт.Гаштугузори идона то бегоҳ идома ёфт.