Дар таърихи 12 июли соли равон дар толори хурди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон вохурии намояндаи бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулоев Назулло бо сардорони идораҳои молия, андоз, бонкҳо, бахши кишоварзӣ, сохторҳои тандурустӣ, омор маориф ва фарҳанг барпо гардид.
Мақсад аз баргузории сӯҳбат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии бонкӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ бахшида шуда буд.
Дар вохӯрӣ намояндаи бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муфлисшавии бонкқои «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк»-ро ба таври васеъ шарҳ дода, таъкид намуд, ки тартиби додани қарздиҳиро дар бонкҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд.