WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Сиёсат

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ҶАШНИ ФАРХУНДАЮ САРНАВИШТСОЗ

Мо дар пешорӯи ҷашни бузургу дар ҳаёти мардуми тоҷику тоҷикистониён бузургу тақдирсоз - Ваҳдати миллӣ қарор дорем.
Инак 24 сол муқаддам мо дар таърихи 27 июни соли 1997 дар Тоҷикистони азизамон иди Ваҳдати миллиро бо тантана ҷашн гирифта истодаем. Мардуми фарҳангсозу тамаддунофар ва умуман тоҷикистониён дар даҳсолаи охири садаи бист соҳиби ду дастоварди арзишманд Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ гардиданд ва имрӯз ин ду ҷашни воқеъан миллиро яке бе дигаре тасаввур кардан мушкил аст. Яке ормони ҳазорсолаи аҷдодону авлодони дар бораи бунёди давлати соҳибистиқлол ҷомаи амал пӯшонд ва дигаре ин давлати тозаистиқлолро аз вартаи нестӣ ва миллати тоҷикро аз парешонӣ наҷот дод.
 Имрӯз, вақте аз истиқлолу ваҳдати миллӣ сухан мегӯем, қабл аз ҳама симои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар ҷилвагар мегардад.
  Таърих гувоҳ аст ва саҳифаҳои пур аз сӯзу гудози онро соле як маротиба бояд варақ зад то наслҳои имрӯзу фардо огоҳӣ дошта бошанд, аз оне, ки Ваҳдати бузурги миллати точик бо чӣ қадар душворию ҷонбозиҳои сарсупурдагони ин миллати ҷафокашида ба даст омад. 
Сарвари давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо паёми сулҳу зиндагӣ дар даст чор маротиба барои ба Ватан баргардонидани гурезагони иҷборӣ ба Афғонистон сафар карда, руҳияи мардумро баланд бардошту бовариашонро нисбати Ҳукумати навтаъсиси Тоҷикистон қавӣ гардонд.Он рӯз ҳайати Ҳукумат ва қумандонҳои ҳарбии Афғонистон, толиби сулҳу ваҳдати тоҷик Эмомалӣ Раҳмонро мисли як қаҳрамони миллии худ истиқбол намуданд. Зеро ба хотири фардои халқу миллат дар мавзеъи ҷанг вуруд омадану ҷониби силоҳбадастон оғӯши сулҳ кушодан як қадами бузурге барои расидан ба Ваҳдати миллӣ буд. Дар он рӯзҳо ҷилои ватандориро ба даст гирифтан ягон мансабдору мансабталош намекард, зеро ки амнияти халқу давлатро ягон касе таъмин карда наметавонист. Бо ҷасорату мардонагӣ, қобилияти фавқулоддаи ваҳдатофарӣ вай Ватани ҷангзадаро аз фалокатҳои даҳшатбори парокандагӣ ва нестшавӣ раҳо бахшид.
   Ин буд, ки билохира Созишномаи сулҳу Ваҳдат, ки дар Москва 27 июни соли 1997 ба вуқӯъ пайваст ва аз ҷониби Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тавсиб расид, ки мо точиконро ба ҷаҳониён чун кишвари сулҳофар ва сулҳҷӯй муаррифӣ кард.
Дар муддати 24 соли Ваҳдати сартосари мо ончунон бунёдкорию созандагиҳое, ба анҷом расидаанд, ки онҳоро мебоист дар ним аср ба анҷом расонд. Аз баракати Ваҳдат боғу бустонҳои хушкида аз сари нав сабзу хуррам гардида, ҳазорҳо манзилу муассисаҳои давлатӣ бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобгардида аз нав қомат афрохтанд.
   Созишномаи сулҳи тоҷиконро Созмони миллали муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир пазируфта, барои дигар кишварҳои ҷангзада ҳамчун намунае барои тадбиқ кардан тавсия дод. Аз ин рӯ имрӯз ҳар як фарди ҷомеа, хурду бузурги Тоҷикистон бояд дарк намояд, ки Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ бояд аз тарафи мо сокинони ин кишвар ҳифз карда шаванд. Насли ҷавонро лозим аст, ки бояд ба ободкорию худогоҳии худ онро таҳким бахшанд, то дубора фирефтаи дасисабозиҳои душманон нагарданд.
  Барои ҷавонон 27 уми июни соли 1997 чун як санаи муқаддас , як рӯзи таърихӣ ва зиёда аз ҳама , чун як воқеаи тақдирсоз дар ҳаётамон мавқеъ пайдо кардааст. Дар ин ҷода мо,ҷавонон пурра ҷонибдори Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастем, ки фармудаанд:   "Мо бояд шукр гӯем , ки ба чунин рӯзгори орому осуда ва сулҳу суббот, Ваҳдати миллиро ҳамчун дастоварди азизтарини халқамон ба монанди гавҳараки чашм эҳтиёт намоем". Ин дастуру ҳидояти Сарвари давлат , албатта пеш аз ҳама ба мо насли ҷавон дахл дорад ва моро масъул месозад, ки на танҳо дастовардҳои истиқлолият, сулҳу салоҳ, ваҳдату ягонагӣ ва якпорчагии Тоҷикистонро ҳифзу эҳтиёт намоем, балки масъулем, ки он ҳама корҳои неки анҷомдодаи падарони шарафмандамонро дар ҷодаи дӯстӣ , иттиҳоду ягонагӣ ва хамраъйӣ бо халқҳои сулҳпарвару тарақихоҳи олам ба тамоми ҳастиамон ҳифз намоем.
Бояд қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ чун дигар созмону ҳаракати ҷамъиятӣ ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ бо диду назари нав ба саҳнаи сиёсии кишвар омада, дар муддати начандон тӯлонӣ дар ҷомеа нуфузу ҷойгоҳи арзандаро соҳиб гашта, аз оғози таъсисёбии худ то имрӯз дар пешрафти кишвари азизамон нақши сазовор гузошта истодааст. Ҳар як аъзои ҳизби мо имрӯз ба хуби дарк карда истодааст, ки ҳадафи асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин барои Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, субботи сиёсӣ, созандагию ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум заҳмат кашидан мебошад.
  Фаъолону пешқадамони ноҳия , роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаи  хоҷагиҳо ва тамоми ҷавонони диёр роҳи пешгирифтаи Роҳбарияти кишварро хуб дарк намуда, баҳри рушду нумӯи Ватани азизамон тамоми қувваю ғайрат, донишу маҳораташонро дареғ намедоранд. Боварӣ дорам, ки дар муттаҳидӣ мо аз иҷрои ҳамагуна мақсадҳои наҷиб бо сарбаландӣ мебароем.

Мудири шӯъбаи таблиғотӣ-иттилоотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рӯшон: Имомёрбекова П.