Ту некӣ мекуну дар Даҷла андоз,
Ки Эзид дар биёбонат диҳад боз.
Бо фарорасии иди бошукӯҳи Қурбон мардуми боҳиммати ноҳия ҷавонмардон соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ ва дигар шахсони саховатманди Рушонзамин беш аз пеш дида ҳама вақт дастгирии табақаҳои ниёзманду осебпазири маҳалашонро дар арафаи ин ҷашнҳо дар мадҳи аввал гузоштаанд. Дар мисоли ин гуфтаҳо дар деҳаи Дерзуди ҷамоати Н.Додхудоев баҳри дастгирии оилаҳои камбизоат ва маъюбон аз тарафи шахси саховатпеша Паллаев Худоназар ба маблағи умумии 5800 сомонӣ маводи ғизоӣ ва аз тарафи директори маркази саломатии ноҳияи Рушон Абдумамадова Садоқат ба 3 нафар ятими кулл 500 сомонӣ маблағи пулӣ кӯмак расонда шуд. Дар арафаи иди шарифи Қурбон аз тарафи ташкилоту муассисаҳои давлатии ноҳияи дар ҳаҷми умумии 1500 сомонӣ барои маъюбон, барҷомондагон ва оилаҳои камбизоат маблағи пулӣ ва маводи ғизоӣ харидорӣ шуда дастрас гардид.
Дар ҷамоати деҳоти Бартанг бошад, ба ятимони кулл ва оилаҳои камбизоат аз тарафи профессори Донишгоҳи санъати шаҳри Душанбе, зодаи деҳоти Бартанг Неъматуллоев Барим ва духтараш маводи хурока ва таҷҳизот барои мактаб ба маблағи умумии 5200 сомонӣ кумаки яквақта расонида шуд.
Сокинони боҳиммати деҳаи Шидз низ дар арафаи иди Қурбон барои муолиҷаи як нафар бемор зиёда аз 1000 сомонӣ сарфа намуда, барои расонидани ӯ ба беморхонаи шаҳри Хоруғ ҳаматарафа мусоидат намуданд.
Халифаи деҳаи Басид дар ҳаҷми 500 сомонӣ барои шахси маъюб маблағи пулӣ ва директори мактаби ин деҳа бошад ба маблағи 300 сомонӣ барои 3 оилаи камбизоат маводи хӯрока кумак намуданд.
Аз тарафи кормандони шӯъбаи ёрирасон ба шахсони яккаву танҳо ва барҷомонда дар ноҳия бо сарварии Хилватов Мараматшо барои шахсони яккаву танҳо ва барҷомондаи ноҳия ба маблағи 1200 сомонӣ маводи ғизоӣ харидорӣ карда шуд. Соҳибкорони маркази ноҳия барои дастгирии оилаҳои камбизоату барҷомонда 800 сомонӣ кумак расониданд.
Дар арафаи Иди Қурбон мардуми шарафманди ноҳияи Рушон аз тамоми гӯшаву канори дунё чун ҳамасола дасти хайру сахоро дареғ надошта баҳри ободии диёри зебоманзари худ дастаҷамъона мадад мерасонанд. Баҳри пешбурду ривоҷу равнақи варзиш дар деҳаи Дерушон ҷавонон ва сокинони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта барои таъмиру аз навсозии бинои варзишии деҳа маблағи қариб 24000 сомонӣ дар арафаи ид кӯмак расониданд, ки айни ҳол корҳои таъмири қариб ба охир расиданд ва дар рӯзҳои наздик ин бино мавриди истифода қарор хоҳад дошт. Ин амалҳои хайр ва нек боиси ифтихори ҳар як сокини ноҳия мебошад, ки аз ҳарвақта дида ҷавонону муҳоҷирони меҳнатии деҳаи Барушон низ ба малағи 20000 сомонӣ барои сохтмони 2 майдончаи варзишӣ ба деҳа фиристоданд.
Чун ҳарвақта зодаи диёри зебоманзари Рушон Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода дар ободии диёри хеш заҳмату талошҳои зиёде ба харҷ медиҳад ва имсол бошад, барои сохтмони майдончаи варзишии замонавӣ дар деҳаи Дерзуд зиёда аз 80000 сомонӣ маблағ ҷудо намуд, ки ин амали нек ва бузург ҳар як сокини ноҳияро водор месозад, ки баҳри дастгирии ятимон, бепарасторон, маъюбон,камбизоату фақирон дар канор намонад ва дар ободии диёру манзили зист камари ҳиммат бандад , то диёри нозанини рушонзамин боз ҳам зебо гардаду шукуфо гардад.
Ба ҳамаи онҳое,ки дар иди саиди Қурбон амалҳои хайру савобро анҷом додаанд, изҳори сипос менамоем ва бовар дорем, ки минбаъд сафи чунин накӯкориҳо боз ҳам бештар мешаванд.
Мудири бахши дин,танзими анъана
Ва ҷашну маросими ноҳияи Рушон; Бориев М.