WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

Ахбор

КУМАКИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ РУШОН.

Таърихи 13 майи соли равон бо мақсади дастгирии табибон, беморон ва беҳтар намудани вазъи табобатхонаи ноҳиявӣ ва пешгирии хурӯҷи бемории сироятии covid-19 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маводҳои аввалия аз қабили доруворӣ, либосҳои фардии муҳофизатӣ, ниқоб, маҳлули безарагардонӣ ва маводи озуқаворӣ: орд 500 кг, равған 60 кг, шакар 250 кг, биринҷ 200 кг, макарон 200 кг, пиёз 180 кг, сабзӣ 240 кг, картошка 240 кг ва инчунин 80 адад одиёл ба табобатхони ноҳиявӣ  ноҳия ворид гардид.     Кӯмакро раиси ноҳияи Рушон муҳтарам Додхудо Фаррух Муборакшо ва масъулини табобатхона қабул намуда, миқдори муайяни доруворӣ ба табобатхонаҳои минтақавии деҳаҳои Басиду Савноб дастрас карда мешавад. Кӯмаки Сарвари давлат дар ин лаҳзаҳои ҳассос саривақтӣ буда, табибон ва сокинони ноҳия аз ин хеле рӯҳбаланд гардида ба Пешвои миллат барои дастгирии ҳамешагияшон изҳори сипос баён доштанд.