WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

Сиёсат

Дасисабозиҳои навбатии ТЭТ ҲНИТ ва ҳаммаслаконаш ба мисли Муҳаммадиқболи Садриддин.

Имрӯз аз саҳифаҳои Фейсбук боз як матолиби муғризонаву иғвоангезонаеро, ки Муҳаммадиқболи бешарафу бегомус нашр намудааст, бори дигар пастию ифротӣ, чандчеҳрагию террорист будани худро нишон дод.
Имрӯз пешрафту рушди Тоҷикистонро, ки бо сиёсати хирадмандонаю орифонаи Пешвои миллат ва заҳматҳои шабонарӯзии мардуми соҳибфарҳанги тоҷик ба як кишвари шинохтаву амн мубадал гаштааст. Ва имрӯзҳо зиёда аз 150 давлати дунё бо он шарик ҳастанд ва ҳамкории судманд доранд, чашмони ин ҳасудон, ки аз ин пешравӣ ҳасад мебаранд кӯр шуда аз дур санги маломат мезананд. Ин лагадбардорони хоҷагони хориҷӣ номуси худро фурӯхта номи тоҷику тоҷикистонро мехоҳанд дар тамоми дунё доғдор созанд. Муҳаммиқболи Садриддин бо дасисабозиҳои навбатии худ мехоҳанд ҷавононро ба доми дурӯғини худ кашад ва вазъияти тинҷу ороми моро халалдор созад. Ташрифи Президенти кишвари ба мо дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон Шавқат Мирзиёев, ки аввали моҳи июн ба Тоҷикистон ташриф оварданд ва дӯстию рафоқат ин ду миллати дӯстро ин бешарафон дида аз ҳасудӣ талхакаф шуданд.
Мардуми тоҷик аз азал меҳмондӯсту меҳмоннавоз буда, ин расми хуби тоҷиконро ҳамеша ба ҷо меоранд ва онро аз нас ба насл интиқол медиҳанд. Қабули меҳмони олиқадр дар сатҳи баланд аз тарафи Пешвои миллат, ифротиенро нороҳат сохтааст. Худашон аз худ суол намекунанд,ки Ватан- Модарро фурӯхта пои хоҷагони хориҷиро аз барои пули бедарду миён ба даст омада бӯсида истодаанд. Гумонам ҳаст, ки нофаҳмиҳои солҳои охир миёни ду давлати ба ҳам дӯст, қирғизу тоҷик низ дасти ин наҳзатиҳо аст, ки мехоҳанд миёнашон ҷангу ҷидол андозанд ва вазъро ноором созанд.
Боз як туҳматеро рӯи кор меоранд, ки бо ин васила мехоҳанд миёни мардум шӯр андозанд. Бофтааст, ки заминҳои Мастчоҳро ба Узбакистон дода истодаанд, ки ин суханон мантиқ надоранд. Бо ҳангомаҷуии худ мехоҳанд нисбат ба Сарвари давлат, ки имрӯз бо заҳмату талошҳои шабонарӯзияшон кишварро ба як кишвари шинохта ва обод табдил намудаст, боз мехоҳанд онро ба солҳои 90- уми асри гузашта, яъне ҷанги хонумонсуз, беҳокимиятию беадолатӣ кашанд. Бо матолиби дуруғину беасосаш мехоҳад ба амну амонии мо оташи асудӣ занад. Мо сокинони мамлакат ҳаргиз фаромӯш намесозем, ки бо ниятҳои нопоки шумо наҳзатиҳо 150 ҳазор шаҳрвандони бегуноҳ ба шаҳодат расида зиёда аз 1 миллион нафар гуреза ва ба иқтисодиёти мамлакат 10 миллиард доллар хисорот расид. Миллат рӯ ба нестшавӣ намуда давлат қариб ки пароканда мешуд. Аммо дар ин лаҳзаҳои асос бо ҳукми Худованд ва толеи баланди миллати тоҷик марде бо исми Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат ворид гардид, ки ба ҷанги хонумонсуз нуқта гузошта, миллатро аз парокандагӣ ва давлатро аз нестшавӣ наҷот дод. Ва имрӯз мо дида истодаем ва дарк карда истодаем, ки Тоҷикистон бо сурати кайҳонӣ рушд карда истодааст ва сатҳу сифати сокинон рӯз аз рӯз беҳтар гашта истодааст. Мо ҳаргиз он рӯзҳои шуморо фаромӯш намесозем ва дигарбора ба доми шумо ифротиен намеафтем, мо бо чашми сар ин нобасомониҳоро дидем, ба қавле, ки ” Шикаста устухон донад давои мумиёиро” .
Ҳамчун як модар ба ҷавонони баору номуси мамлакат муроҷиат менамоям, ки ҳаргиз фирефтаи дасисабозиҳои ин гурӯҳои тундрав нашавед. Ҳамеша ҳушёру зирак бошед ва ин ганҷи нодир, ин дурри ноёфт, ки Ваҳдат ном дорад мисли гавҳараки чашм ҳифз намоед.
Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рӯшон Саихдонова Х