Дар толори хурди
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон рӯзи 13.08.2019
вохӯрии Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон Гавҳар
Шарофзода бо сардорони идораву муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия баргузор
гардид.
Гавҳар Шарофзода оиди забон сухан
ронда қайд намуд, ки забони ноби тоҷикӣ, ки таърихи хеле кӯҳан дорад, забони
миллати тоҷик ва гузашта аз ин забони давлату давлатдории ин миллати созанда
мебошад. Забон яке аз нишонаҳои ҳастии миллат аст, бинобар ин ҳар яки мо онро
муқаддас донем.Забони мо ба сарзаминиҳо ва кишварҳои дигар густариш пайдо
кардааст, ки намунаи барҷастаи он истифодаи забони тоҷикӣ дар Афғонистон, Эрон
ва Хиндустон мебошад.
Инчунин Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Гавҳар Шарофзода оиди бо шукӯҳ
таҷлил гирифтани 10-солагии Конуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони
давлатӣ» , масъалаи номгузорӣ ва Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ баромад намуд.