WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

Сиёсат

АМАЛҲОИ ҲНИТ ВА ҲАММАСЛАКОНАШ ТАҲДИД БА АМНИЯТИ ТОҶИКИСТОН АСТ


Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофи зиддиятҳои, доир ба аҷзудан ва густариши экстримизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо реша давонда ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муоссиро ба ташвиш овардааст.
Терроризму экстремизм яке аз равияҳои тундгарои ҷомеа буда, имрӯзҳо ба ҷомеа таъсири манфии худро расонида истодаанд. Шахсон ё худ гурӯҳои манфиатхоҳ бо мақсади толлою тороҷи молу мулк, ба даст овардани ҳокимият, ба тарсу ваҳм андохтани одамон ва ғасби ҳокимият талош меварзанд. Ин гурӯҳои тундрав бо оташи андешаи ботилашон ҷавонони ноогоҳ ва нофаҳмро ба доми фиреб кашида сафи низомиёну ҷангчуенро зиёд менамоянд.
Ва яке аз гурӯҳҳои хатарзо ва ифротӣ ин ТЭТ ҲНИТ мебошад, ки бо ҳаммаслаконаш аз дур нисбати Ватан модар хиёнат карда истодаанд ва ҳамарӯза нисбат ба роҳбари давлату ҳукумати тӯҳмату буҳтонҳои беасос мекунанд, аммо намедонанд, ки мо сокинони мамлакат имрӯз чоҳро аз роҳ, сафедро аз сиёҳ фарқ мекунем.
Роҳбари Айни ҳоли ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ бошад чун ҷуғзи белонаву бедона худро бар дари ҳар як ташкилот ва созмонҳои ғайриқонунии давлатҳои Аврупо зада, ба амалҳои нангину хоинони ҷонибдоронаш аз дур назора мекунад, ки кадом амалаш ба ҳадаф мерасаду тири кадомаш хок мехӯрад.
Тамоми бадбахтиҳое, ки ба сари мардум оварда шудаанд ин кори дасти ин хоинон мебошад.
Қазияи нангини террористӣ, куштори сайёҳони хориҷӣ дар ноҳия Данғара, ҳамоишҳои мунтазам дар назди сафоратҳои давлатҳои хориҷӣ аз тарафи аъзоёни фаъоли ҳизби мамнӯъшудаи террористӣ, воқеаҳои нангини солҳои 1992 ва 2015 ва дигар нобасомониҳо дасти кори ин хоинон аст. Тавре ҳамарӯза аз расонаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ мебинем аъзоёни ин ҳизб ба мисли Шарофиддин Гадоев ва Муҳаммадиқболи Садриддин барин бешарафон бо матлабҳои мугризонаашон нисбати давлату ҳукумат гапҳои беасос зада мехоҳанд мардумро ба шӯр андозанд.
Наворе, ки чанд рӯз пеш Муҳаммадиқболи беиқбол нисбат ба Роҳбарияти давлат як наворе пахш намудаст, ки пур аз игвою тӯҳмат. Ин бешараф бо лаҳни игвоангез ва гапҳои аз ақли берун, ки шарафи инсониятро паст мезанад баромад намуда бори дигар собит намуд, ки чи гуна ” мусалмон” аст, ки ба дини поки Ислом низ доғ овардаанд. Бешараф овоз баланд намуда гӯё таҳдид ба ҷони роҳбари давлат мекунад. Бехабар аз онки шуморо алакай мардуми тоҷик борҳо оқ карданд ва гуноҳи шумо ҳам дар назди Худо ва қонун нобахшиданист. Ҳар вазъияти имрӯзаро истифода бурда, баҷои дастгирӣ, баръакс ба халқу миллат хиёнат мекунанд. Дар ин лаҳзаҳои асос ҳар яки моро зарур аст, ки бетараф набошем бо ин гурӯҳои тундрав мубориза барем, муборизаи беамон барем.
Пешвои миллат ҳамеша моро ҳушдор месозад, ки аз ҳар вақта шуда мо бояд зираку ҳушёр бошем. Фарзандонамонро дар доираи ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намоем, ҳама вақт сарҷамъ бошем бо ҷуръптона садо баланд кунему нагузорем, ки номи Тоҷикистони азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ бори дигар доғдор созанд. На гузорем, ки пои ягон нохалаф ба хоки поки ватанамон расад. Имрӯз мо мебинем давлати ба мо дуст ва ҳамсоя Авғонистонро ки ба як макони машқварзӣ (полугон) таблил ефтаст ва ҳар як гурӯҳ яроқи худро дар он месанҷад. Толибону дигар ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ имрӯз бо ҳам тавҳам буда, аз як дигар муроқибат мекунанд. Ва ҲНИТ низ як узви ин гурӯҳ мебошад. Пас моро зарур аст, ки бетараф ва фортгбол набошем ва хамеша ва ҳар лаҳзаи сония омода бошем.
Ёдовар мешавем, ки онҳое, ки дасташон олудаи хун ва дилу нияташон нисбати давлати соҳибистиқлол амон нопок асту ба дастовардҳою сарсабзиҳои Ватани азизамон ба чашми ҳасуд менигарад, гуноҳояшон назди Худованд ва Қонуни асосии давлат нобахшиданист.

Шӯъбаи таблиғотӣ-иттилоотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рӯшон.