Рӯшон. 4 сентябр корвони маърифат – Аксияи ҷумҷуриявии ҷавонон – Пайравони Пешвои миллат баъди мулоқот бо оммаи васеи ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ба маркази ноҳияи Рӯшон ташриф оварда, аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони идораву муассисаҳо ва наврасону ҷавонони ноҳия бо нону намак ва созу наво самимона истиқбол шуданд.
Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиљоӣ, маразҳои хатарҳои ВНМО, мубориза бо нашъамандӣ ва нашъаҷаллоб буд.
Дар мулоқот, ки дар саҳни мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, муовини раиси ноҳия Заррина Абдулмаинова ва намояндаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ Умед Бобохонов суханронӣ карда, таҳдиду хатарҳои ҳаросафканиву ифротгароиро дар муқоиса бо авзои носуботи дунё, бахусус, Шарқи наздик таъкид намуданд.
Дар хотимаи ҳамоиш аз ҷониби аҳли санъати ноҳия барномаи ранги ни фарҳангӣ пешкаш гардид.
«Пайғоми Рӯшон»