Шарҳи таърихию фарҳангӣ
Вожаи “Рўшон” дар сарчашмаҳои таърихӣ ба ду маъност. Аввалин қабилаеро ном мебаранд бо номи “Рух” ва “он” шакли кўтоҳшудаи “Истон” буда, маънои “макон” – ро дорад. Яъне, тибқи иттилои таърихнависону сарчашмаҳои ҳинди қадим, қабилае будааст, равшанфикру соҳибдониш, бо маданияти баланд ва хулқу атвори ҳамидаву нисбати дигар қабилаҳо мақоми болотаре (аристократ) доштааст. Макони зисти онҳоро «Рухъон» ном мебурдаанд. Имрўз вожаи «Рўшон» – ро дар Кафқоз, Аврупо, Олмон, Тотористон, Эрон, Туркия ва Афѓонистон дучор омадан мумкин аст ва шояд макони зисти «Рухъон» бошад. Далели гуфтаҳо он аст, ки мутобиқи ахбори сарчашмаҳои қадим «рухон» дар ҳар ҷое, ки муқим мешуданд, онро ном «макони рухон» мегузоштанд. Ба як маънӣ ба ҳар мулке, ки мерафтанд, ном қабилаашро нигоҳ медоштанд, то ояндагон аз вуҷуди онҳо даракдор бошанд.
Акидаи дигаре оиди вожаи «Рўшон» уламои давр, бахусус доктори илмҳои филологӣ Назрӣ Офаридаев чунин шарҳ медиҳад, ки «Рўшон»аз ду қисм «Рух» ва «истон»иборат буда, маънои «макони равшан» – ро дорад.
Мардуми бо маърифат дар он ақидаанд, ки Рўшон аз фарохтарин мавзеҳои Бадахшон ва маҳз ба ин ҷиҳат вайро ном гузоштаанд. Дар ҳақиқат чун деҳаи Шидс касс гузарад, дашти доманфарохе падид ояд ва дили мусофир рушан мешавад. Ба ин хотир ин диёрро Рўшон ном гузоштаанд, ки боз ҳам маънои равшаниро дорад.
Маънои калимаи «Рўшон» аз калимаи «Рухъ» гирифта шуда, дар замони қадим маънои «Равшанӣ» – ро дошт, ки имрўз низ вожаи «Рухъ» дар забони помирӣ, бахусус рўшониву бартангӣ ба ҳамин маънӣ кор фармуда мешавад. Масалан, дар забони рўшонӣ, бартангӣ ва шуѓнонӣ ба ҳамин маънӣ кор фармуда мешавад. Масалан, дар забонҳои рўшонӣ, бартангӣ ва шуѓнонӣ дамидани субҳро «рух зъуд» мегўянд, ки маънои равшан шудани рўз ва даридани чодари шабро дорад.
Рўшон дар тўли қарнҳои гузашта, то соли 1918 бо ҳокимияти ниммустаъқили худ тобеи ҳукумату давлатдориҳои мухталиф, аз ҷумла Бадахшони Афѓонистон, Хонигарии Қуқанд, Аморати Бухоро ва Россияи подшоҳӣ буд. Аз соли 1895 – 1918 волостҳои Рўшону Бартанг дар ҳайати ноҳияи Помири вилояти Фарѓонаи кишвари Туркистон буданд. Аз соли 1918 то соли 1924 волостҳо Рўшону Бартанг дар ҳайати ноҳияи Автономии Помири Шўравии Сотсиалистии Туркистон дохил мешуданд ва аз соли 1925 – 1929 волостҳои Рўшону Бартанг дар ҳайати Вилояти Автономии Куҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Автономии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон шомил буданд. Соли 1929 Ҷумҳурии Автономии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистонба Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил ёфт ва вилоят номи Вилояти Автономии Бадахшони Куҳиро гирифт, ки волостҳои Рўшону Бартанг ба ҳайати он шомил шуданд.
13 феврали соли 1922 маҷлиси сегонаи сиёсии Ҳукумати Шўравӣ ба ташкили комитетҳои инқилобии волостҳои Рўшону Бартанг оѓоз бахшид. Дар ҳамаи деҳоти волостҳо комитетҳои инқилобӣ, ба назари дигар мавзеҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба таври интихобӣ ташкил шуда буданд.
Тибқи қарори КИМ ҶШС Тоҷикистон волостҳои Рўшону Бартанг аз моҳи апрели соли 1932 то моҳи октябри соли 1932 ба ноҳияи Рўшон – Бартанг бо маркази ягонаи Қалъаи Вамар дар ҳайати Вилояти Автономии Бадахшони Куҳӣ ташкил шуданд.
Аз 27 октябри соли 1932 бо қарори КИМ ҶШС Тоҷикистон ноҳияҳои Рўшону Бартанг ҳамчун ноҳияҳои мустақил дар ҳайати Вилояти Автономии Бадахшони Куҳӣ ташкил шуданд.
15 сенятбри соли 1953 тибқи қарори Президиуми Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон ноҳияи Бартанг ҳамчун ноҳия фаъолияташро қатъ намуда, ба ҳайати ноҳияи Рўшон дохил шуд.
4 январи соли 1963 ноҳияи Рўшон ҳамчун ноҳияи мустақил фаъолияташро қатъ кард ва Шўрои деҳоти Савноб ба ноҳияи Мурѓоб, Шўроҳои деҳоти Басид, Бартанг, Рўшон, Баррўшон ва Шидз ба ҳайати ноҳияи Ванҷ ва Шўрои деҳоти Пастхуф ба ноҳияи Шуѓнон илова шуданд.
6 январи соли 1965 бо Укази Президиуми Шўрои Олии ҶШС Тоҷикитон ноҳияи Рўшон аз нав ташкил карда шуд ва ба ҳайати Шўроҳои деҳоти Шидз, Баррўшон, Рўшон, Пастхуф, Бартанг, Басид ва Савноб дохил шуданд.
Айни ҳол, ноҳияи Рўшон 7 Ҷамоати деҳот- ба номи М.Абдулвосиев, ба номи Н.Додхудоев, Пастхуф, Бартанг, Басид, Савноб ва Рўшонро дар худ муттаҳид менамояд.
Меҳнаткашони ноҳия шоҳид ва иштирокчии бевоситаи қаҳрамониҳои давраи инқилоб ва панҷсолаҳои аввали он буданд, ки барои барқароршавии хоҷагии халқ пас аз ҷангҳои шаҳрвандӣ ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ, солҳои оромии баъди ҷангӣ ва давраи расидан ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заҳматҳои зиёде кашидаанд.