34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил гардид. Чорабинии муҳими сиёсӣ бо раҳпаймоии бошукӯҳи оммавӣ аз назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпарасти ноҳия, роҳбарияти ноҳия, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва масъулини идораву муассисаҳои ноҳия бо шиору овезаҳои ватандӯстона, парчамҳои миллӣ ва акси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид.
Ин раҳпаймоии пуршукӯҳ бо ҳамовозии созу наво ва қадамҳои устувори мардуми ноҳия руҳи ватандӯстиву худшиносии миллиро боз ҳам баланд бардошт.
Дар боғи фарҳангии ноҳия чорабинии идона идома ёфта, меҳмонон аз намоиши дастовардҳои соҳаҳои фарҳанг, маориф, тандурустӣ, варзиш ва хоҷагии халқи ноҳия дидан намуда, ба ташкилкунандагон баҳои баланд доданд.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ, сарпарасти ноҳия муҳтарам Шералӣ Мирзо тамоми сокинони ноҳияро ба гиромидошти ин санаи тақдирсоз табрику таҳният гуфта, перомуни аҳамияти таърихиву сарнавиштсоз доштани Истиқлолияти давлатӣ ва пешрафту дастовардҳои солҳои охир сухан намуд.
Сипас, раиси ноҳия муҳтарам Аҳмадзода Илҳом Шамол дар тақвияти суханони намояндаи ҳукумати марказӣ иштирокдорон ва мардуми сарбаланди ноҳияро ба муносибати ин Рӯзи Истиқлолият шодбош гуфта, аз дастовардҳои ноҳия муддати 34 соли соҳибистиқлоли ёдоравӣ намуд.
Маҷлиси тантанавӣ бо қадрдонии собиқадорони меҳнат, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони соҳаҳои гуногун анҷом пазируфт.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи фарҳангии аҳли санъати ноҳия таҳти унвони “Истиқбол аз истиқлол” фазои идонаро рангоранг намуд.


















