WWW.RUSHON.TJ

Исполнительный орган государственной власти Рушанского района

22

Ноя 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Читать далее

16

Авг 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Читать далее

16

Авг 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Читать далее

Подпишитесь на рассылку

Сиёсат

ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ.

Ҳар нафас, ҳар қатра хун, ҳар тори сӯям тоҷик аст.
Шуҳрату шон, эътибору обрӯям тоҷик аст!
Ҳафт пуштам тоҷику ҳафтоду ҳафт пушт з- ориё,
Ҳам забону ҳам равон, ҳам ҷону хӯям тоҷик аст!
Зардуҳишту Мониву Ҷамшеду Кова аз ман аст,
Фахр дорам бо ниёгон з-он, ки кӯям тоҷик аст!
Дар сириштам шубҳае нест, панҷ ҳаввосам тоҷикист,
Ҳам басар, ҳам самъу ламс, ҳам завқу бӯям тоҷик аст!
Аз сари эҳсоси ботил ҳарф гуфтан хуб нест,
Шаш ҷиҳат-то умқи ҷон ҳар кӯю сӯям тоҷик аст!
Тоҷикӣ бошад хаёлам, тоҷикӣ кирдор ман,
Хислату пиндору рафтор, тобу рӯям тоҷик аст!
Рӯдакӣ, Фирдавсию Синову Носир ҷадиди ман,
Зоти Румию Аттор бегуфтугӯям тоҷик аст!
Бо ҳидоятҳои Пешво пеш мемонем қадам,
Ҷаҳд месозем мудом, рушду нумӯям тоҷик аст.
Гарчӣ андар зиндагӣ майлу ҳавас бошад зиёд,
Лек дар майдони маънӣ орзӯям тоҷик аст!
Миллати ман саҳм дорад дар ҷаҳон бо маърифат,
Бо дили муштоқу пазмон ҷустуҷӯям тоҷик аст!
З-аҳди бостон то кунун оини мо озодагист,
Қуввату дармони дил, рушду нумӯям тоҷик аст!
Асли худро мо зи Истиқлол бишнохтам зи нав,
Дар канори аҳли олам обрӯям тоҷик аст!
Давлати содиқ бигӯяд ин сухан аз сидқи дил,
То даме ки зиндаам, маъвою кӯям тоҷик аст!

Пайшанбе Давлатов- шоири шаҳири ноҳияи Рӯшон.

Наврӯзи РӯшонРӯзи 21 март кӯчаҳои деҳаи Баррӯшон серодам буд. Мардум сару либоси идона бар тан машғули гаштугузори идона. Наврасону ҷавонон машғули бозиҳои Наврӯзӣ ва хандаҳои шодмононаи онҳо баланд садо медод.Шиору овезаҳои мухталифи Наврӯзӣ деворҳои биноҳои ҳукуматӣ, муассисаҳои таълимиву мағозаву корхонаҳоро оро медоданд.Дар варзишгоҳи деҳа идораву муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои деҳқонӣ намоиши идонаро пешкаши тамошобинон намуда, дар рухи ҳар яки онҳо шодиву фараҳ ҳувайдо. Созу суруди наврӯзӣ дар ҳавои варзишгоҳ танинандоз.Мардум интизори роҳбарияти вилояту ноҳия.Расо соати даҳ роҳбарияти ноҳия дар ҳайати сарпарасти ноҳияи Рӯшон аз Ҳукумати Марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, муовини якуми раиси ВМКБ Сафарзода Шарифхон, раиси ноҳияи Рӯшон Аҳмадзода Илҳом Шамол ба дарвозаи варзишгоҳ расиданд. Дар пеши дарвоза бонувон меҳмононро бо дуҳули даф, ки рамзи хушбахтиҳост истиқбол карда, пас шогирдони мактаби санъат ва макотиби ноҳия меҳмонони олиқадрро бо қироати шеърҳо дар васфи Наврӯзи аҷам ва рақсу суруди хушомадӣ пешвоз гирифтанд.Баъдан меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастовезҳои идораву муассисаҳои ноҳия, муассисаҳои таълимӣ, кормандони ҳифзулсиҳат, корхонаҳои саноатии ноҳия, маҳсулоти хоҷагиҳои деҳқонӣ, хӯрокҳои миллии дар худи варзишгоҳ тайёр шуда дидан карда, ба заҳмати мардум баҳои баланд доданд.Баъдан меҳмонон навхонадоронро ба ифтихори издивоҷашон муборакбод гуфта, ба онҳо шаҳодатномаи ақди никоҳ ва маблағи пулӣ тақдим карданд. Ҳамчунин ба халифаҳои расмии ноҳия ва собиқадорони меҳнат низ маблағҳои пулӣ ба хотири гиромидошташон супориданд.Сипас сарпарасти ноҳияи Рӯшон аз Ҳукумати Марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, баъдан муовини якуми раиси ВМКБ Сафарзода Шарифхон ва сипас раиси ноҳияи Рӯшон Аҳмадзода Илҳом Шамол сухан карда, ҳозирин ва дар шахсияти онҳо тамоми мардуми тоҷикро ба ифтихори ин ҷашни бузурги ниёгон табрику муборакбод гуфтанд.Аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия композитсияи адабӣ мусиқии “Наврӯз оламафрӯз” пешкаши меҳмонон ва аҳли нишаст гардонда шуд, ки саропо аз сурудҳои наврӯзиву баҳори нозанин иборат буд.Пас аз нисфирӯзӣ бозиҳои варзишӣ аз қабили гӯштини миллӣ, арғамчинкашӣ, волейболбозӣ ва ғайра доир гаштанд.Дар Ҷашни Наврӯзи Рӯшон меҳмонону паҳлавонону варзишгарон аз навоҳии Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, шаҳри Хоруғ, Роштқалъа ва Ишкошим ширкат варзиданд.Дар бозии волейболи занона ҷавондухтарони маркази ноҳия бо шогирдони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 ва дар бозии волейболи мардона тимҳои деҳаи Бардара ва Деҳ бо ҳам рақобат карданд ва ҷавондухтарони маркази ноҳия ва тими деҳаи Деҳ ғолибиятро ба даст оварданд.Дар арғамчинкаши дастаи варзишгарони ноҳияи Ванҷ ба дастаи ноҳияи Рӯшон ғолиб баромада, соҳиби мукофот гардиданд.Дар гӯштини миллӣ шоҳҷоизаро варзишгари номии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шакармамадов соҳиб гашт.Гаштугузори идона то бегоҳ идома ёфт.