WWW.RUSHON.TJ

Исполнительный орган государственной власти Рушанского района

22

Ноя 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Читать далее

16

Авг 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Читать далее

16

Авг 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Читать далее

Подпишитесь на рассылку

Сиёсат

26 НАФАР ҲУНАРМАНДОНИ САНЪАТИ НОҲИЯИ РӯШОН СОҲИБИ РОҲХАТ БА ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ “ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ АЗИЗИ МАН” ГАРДИДАНД

       Баҳри дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор нақша чорабиниҳо дар идораву муассисаҳо, корхонаҳои давлатӣ ва хусусӣ таҳрезӣ гардида, аҳли ҷомеа дар амалӣ гаштани онҳо кӯшиши беш аз пешро ба харҷ дода истодаанд.
   Яке аз озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ – омуни “ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ АЗИЗИ МАН”  мебошад, ки бевосита бо Амри Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари ҷумҳурӣ баргузор мегардад.
   Амри номбурда соли ҷорӣ 11 феврал таҳти рақами АП-42 ба тасвиб расида, ба тамоми шаҳру навоии мамлакат бобати дар сатҳи баланд гузаронидани он ирсол гардид. Дар ин замина, Низомнома ва дигар муқаррароти баргузор гардидани он низ дастраси масъулини соҳа гардиданд.
    Дар 7 Ҷамоати ноҳияи Рӯшон даври аввали он бо омодагии ҳамаҷониба сурат гирифта, мувофиқи баҳогузории кормандони аҳли фарҳанг дар маҷмӯъ 58 нафари онҳо ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. 
   Даври ноҳиявии озмуни “ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ АЗИЗИ МАН” 5 июни соли равон дар Қасри фарҳанги ноҳия баргузор гардид, ки дар он кормандони идораву муассисаҳо фаъолона иштирок намуданд.
   Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳия Додхудо Фаррух Муборакшо перомуни санаи таърихӣ - 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тантанаю чорабиниҳои хотирмоне, ки бахшида ба ин рӯз баргузор мегарданд, бо қаноатмандӣ сухан намуда, ба довталабон тавфиқ ва аз ҳайати ҳакамон баҳогузории арзандаро ба ҳунари иштирокдорон талаб намуд.
   Ҳайати ҳакамон бо роҳбарии сардори шӯъбаи фарҳанги вилоят Қурбонмамадов Сайёд ва аъзо Одинаев Силкабек, Алидодов Хушомад, Муборакшоев Эроншо, Ошурбеков Султонмамад, Чоршанбезода Лайло ва Бозидова Саодат ба ҳунарнамоии иштирокдорони озмун баҳогузорӣ намуданд.
     Мувофиқи натиҷагирии ҳайати ҳакамон 26 нафар иштирокчиёни озмун ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд ва дар хотима аз ҷониби раиси ноҳия бо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуданд.
     Итминони комил аст, ки ғолибони озмун бо ҳунари волояшон дар сатҳи вилояту ҷумҳурӣ низ барандаи ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.

                                      “ПАЙҒОМИ РӮШОН”
МУБОРИЗА БО САВДОИ ОДАМОН -ВАЗИФАИ МУҲИМИ ҶОМЕАДар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат бо савдои одамон баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту идораҳо, инчунин фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.Ҷаласаро раиси ноҳия Рушон муҳтарам Аҳмадзода Илҳом Шамол ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки мубориза бо савдои одамон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ буда, ҳамкории зичи тамоми сохторҳоро талаб менамояд. Таъкид гардид, ки пешгирии ин зуҳуроти номатлуб, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон аз вазифаҳои асосии комиссия маҳсуб меёбад.Инчунини дигар аз рӯи масъалаи мазкур прокурори ноҳияи Рӯшон мушовири адлияи дараҷаи якум Иброҳимзода Нозирҷон, муовини якуми сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рушон Абдуллозода Собир, сардори Шуъбаи КДАМ дар ноҳия Рӯшон Ғоибов Парвиз, раиси Суди ноҳияи Рушон Баҳридинзода Ҳилол ва корманди Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ Чоршанбев Далер сухан ронда оид ба вазъи кунунӣ, тадбирҳои андешидашуда ва нақшаҳои минбаъда дар самти муқовимат бо савдои одамон маълумот пешниҳод намуданд. Ҳамзамон, масъалаҳои таҳкими ҳамкории байниидоравӣ, вусъат бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ва дастгирии қурбониёни савдои одамон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Дар фарҷоми ҷаласа ба масъулин ҷиҳати тақвияти фаъолияти пешгирикунанда, баргузор намудани корҳои иттилоотию маърифатӣ ва иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳо супоришҳои мушаххас дода шуда, ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.