Бо ибтикори бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар мактаб-интернати ҷумҳурӣ мизи мудаввар таҳти унвони «Забони манн ифтихори ман!» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ омӯзгорон ва хонандагони мактаб-интернат ва МТМУ №9, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ иштирок варзиданд.
Мудири бахши номбурда Гулдона Мералиева дар мавзуи «Забони ман-ифтихори ман» маърӯза намуда, иштирокчиён атрофи он мулоҳиза намуданд.
Аз рӯи мавзуҳои «Нақши омӯзгорони ҷавон дар тарбияи насли ҷавон» омӯзгори мактаб-интернат Гулнамо Мамадгаминова ва «Пешвои миллатҳомии забони давлатӣ» раиси кумитаи иҷроияи ҳизби халқи демократӣ дар ноҳияи Рӯшон ХолисаСаидхонова маърӯза намуданд.
Хонандагони муассиаҳои мазкур дар васфи забон шеърҳо қироат намуда, ба чорабинӣ ҳусни дигарро зам намуданд.