Бо ибтикори Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рушон, бо мақсади оммавигардонии варзиш, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани дустиву ваҳдат байни наврасону ҷавонон, баланд бардоштани маҳорати варзишии варзишгарон ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби ноҳияи Рушон, бахшида ба таҷлили 74-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, мусобиқаи варзишӣ аз намуди баскетбол байни наврасони ноҳия дар толори варзишиии Мактаб интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рушон баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур дастаҳои наврасони ноҳия аз ҷамоати деҳоти Н. Додхудоев ва ҷамоати деҳоти Рушон байни ҳам қувваозмоӣ намуда, мувофиқи нишондодҳои охир дастаи баскетболбозони Вамар сазовори ҷойи аввал ва дастаҳои Барушону Дерзуд сазовори ҷойҳои баъдӣ гардиданд.
Ғолибони мусобиқа бо ифтихорномаҳо ва мукофоти пулӣ аз тарафи Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия қадрдонӣ гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” дар ноҳия як қатор чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ва варзишӣ бо ибтикори Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва МИМҲД-и ноҳия доир мегарданд.