Мутаассифона бояд эътироф кард, ки тероризм ва ифротгарои яке аз зуҳурот номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳони ба ҳисоб рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш,таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ расонидани зарарӣ вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ, бенизомӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсонро таҳдид мекунад.
Мусаллам аст, ки тероризм имрӯз боиси ташвишу нигарониҳои кишварҳои олам гашта ба тағир додани сохти конститутсиони даст мезанад.Ҳар як ҷавони бо нангу ори кишвар барои пос доштани фарҳанги ниёгон садоқатманди ба давлату миллат ва покизагию мардонагиро пеш гирифта, алайҳи чунин падидаҳои номатлуб аз қабили тероризм ва экстремизм пайваста дар ҳама ҳолат баромад намояд.
Бинобар ҳамин ҳар яки моро зарур аст, ки дар дохили кишвар бо ҳам иттифоқ бошем, Ватани худро дӯст дорем, барои ҳифзу нигоҳдории он ҳамеша омода бошем.
Итифоқ, дӯстию ҳамбастагӣ, ваҳдату ягонагӣ миллат ва халқиятҳои Тоҷикистон метавонад, мардуми моро ва давлати моро аз ҳамагуна таҳдиду хатарҳо раҳоӣ бахшад.
Сабзалии Мамадисо- омузгори муассисаи давлатии таълимии “мактаб – интернати чумхурияви дар нохияи Рушони ВМКБ ба номи Карамшоев Додхудо”
Тамошо карданд:
595