Санаи 14- уми майи соли равон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия як зумра волидайни сарбозон аз ноҳия барои дидорбинии фарзандонашон ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ сафарбар карда шуданд. Ин иқдом тайи се соли охир ба ҳукми анъана дароварда шуда, дар ояндаи наздик бо гурӯҳи дигари волидон бобати шиносоӣ бо ҷараёни хизмати фарзандонашон ба қисмҳои ҳарбии минтақаҳои дигар фиристонда мешаванд. Қайд кардан лозим аст, ки таҳкиму тавияи муносибату ҳамкориҳои ҷомеъа бо Қувваҳои Мусаллаҳ дар оянда идома дода, матонат ва ҳисси ватандӯстии ҳайати шахсӣ ва дар умум сарбозонро боз ҳам баландтар хоҳад бардошт.