WWW.RUSHON.TJ

Исполнительный орган государственной власти Рушанского района

22

Ноя 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Читать далее

16

Авг 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Читать далее

16

Авг 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Читать далее

Подпишитесь на рассылку

Сиёсат

ПРОТОКОЛ БА ИМЗО РАСИД. Мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 20.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябри соли 2022 дар гузаргоҳи сарҳадии «Гулистон» мулоқоти Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Ташиев баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи таъмини субот дар минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро баррасӣ карда, барои риояи ҳатмиии оташбас таъкид намуданд.

Зикр гардид, ки бояд масъалаи таъмини амнияти сокинони наздисарҳадӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи хосса қарор дода шуда, минбаъд мушкилоти мавҷуда бо роҳи гуфтушунид ҳал гардад.

Аз ҷониби раисони КДАМ-и ду кишвар 19 сентябри соли 2022 ҳамзамон протокол имзо гардид, ки тибқи он қувваҳои низомии иловагӣ ва техникаҳои ҳарбӣ ба маҳалли доимии худ баргардонида шуда, амнияти сокинон таъмин карда мешавад.

Дар фарҷоми мулоқот роҳбарони гурӯҳҳои кории ҳарду давлат барои намояндагони ВАО изҳорот доданд, ки дар рафти он Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Саймумин Ятимов чунин иброз дошт:

«Мо ба созиши умумӣ расидем ва Протокол ба имзо расонидем. Итминон дорем, ки дар сарҳадҳои давлатии мо сулҳи ҳақиқӣ пойдор мешавад. Мо фаъолияти худро дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳо дар руҳияи манфиатҳои ду халқи бародар ба роҳ мемонем».

Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Ташиев, дар навбати худ, чунин баён кард:

«Ман бисёр умедворам, ки Протокол дар бораи ҳусни тафоҳум, ки мо бо Саймумин Сатторович ба имзо расонидем, ба кишварҳои мо сулҳ меорад. Боварӣ дорам, ки сулҳ ҳамеша беҳтар аст ва барои сулҳ мо талош меварзем».