WWW.RUSHON.TJ

Исполнительный орган государственной власти Рушанского района

22

Ноя 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Читать далее

16

Авг 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Читать далее

16

Авг 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Читать далее

Подпишитесь на рассылку

Пайғоми Рушон

Вохурии раиси нохияи Рушон Фаррух Додхудоев бо варзишгарон

Рузи 9 августи соли чори  ба ифтихори Рузи варзишгарон раиси нохияи Рушон Фаррух Додхудоев бо варзишгарони нохия  дар мачлисгохи хурди макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии нохия  вохурд. Дар мулокот собикадорони варзиш 11 карат чемпиони чумхури Сангали Наврузбеков, муррабии шоистаи чумхури Гофилбек Зарифбеков, кормандони мактаби варзишии нохия, варзишгарони чавон ширкат варзиданд.

Фаррух Додхудоев дар огози мулокот варзишгаронро бо рузи касбиашон муборакбод гуфта, нахусчемпиони Иттиходи Шурави аз Осиёи Маркази Азалшо Олимов ( зодаи нохияи Рушон), чемпионхои  чандинкаратаи мамлакат Писар Бекмамадов, Лифаев Нодил, Курганкадам Содаткадамов ва дигаронро ёдовар шуд, ки  дар рушду нумуи гуштини милли байракбардори мардуми точик буданд. Сипас номи чемпионхои навро  аз намудхои гуногуни варзишро  низ ба забон овард. Хамчунин камбудиву норасоии варзишгаронро низ аз мадди назараш дур накард ва дар фарчоми суханронияш ба собикадорони варзиш тухфахои хотиравиро такдим намуд.

 Сипас байни раиси нохия ва варзишгарон гуфтугуи озод доир гашт ва каму кости варзиши нохия мавриди бахс карор гирифт.

Фаррух Додхудоев изхор кард, ки майдончахои варзиши зиёд шудаанду варзишгар кам. Мебоист эстафетаи собикадоронро идома дод. Охир дар замони пеш гуштингирон болои пору машк мекарданду чемпиони чумхури мегаштанд. Холо бошад дар хар деха толорхои варзишиву варзишгарон кам андар кам дар мусобикахои чумхурияви иштирок мекунанд.  Хамчунин дар дигар намудхои варзиш хам камбудихои зиёде чой доранд.

Собикадори варзиш Сангали Наврузбеков, ки алхол 84 сол дорад, сухани раисро таквият дода гуфт:

– Мактаби варзишии нохия холо чашни Наврузро хам мисли мусобикахо мегузаронад. Охир ин иди суннатист ва пахлавонон бояд озод бошанд. Суннати милли худро набояд вайрон кунем. Мусобика дигару ид дигар. Дар мо чи. Пахлавон як касро мегалтонад мол мегирад. Бо хамин рох гуштинро ба як бизнес табдил додаем. Дар даврони мо се касро мегалтондем баъд мол мегирифтем. Гуштин як воситаи нангу номус буд на воситаи даромад. Мана хамин нангу номус нест, ки пахлавонони мо дар сатхи чумхури баромад карда наметавонанд.

Раиси нохия  Фаррух Додхудоев дар чамбасти мулокот зикр кард, ки муррабии варзиши бояд чавононро хамарафа тарбия намояд. Хам гуштину дигар намуди варзишу ва хам онхоро дар рухияи ватанпарвари, инсондусти, донишандузи, сиёсатмадори, зиракии сиёси  омузонад ва аз онхо хам варзишгару хам зиёи асил тарбия карда тавонад. Ин аст кори аслии муррабиёни варзиш. Хакикатан хам бояд варзишгар нангу номуси милли дошта бошад ва  барои шанъу шарафи ватани худ неруи чавониашро сарф намояд. Дар ин чода барои якояки шумо тавфик мехохам.

Мамадали Бахтиёров, нохияи Рушон