WWW.RUSHON.TJ

Исполнительный орган государственной власти Рушанского района

22

Ноя 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Читать далее

16

Авг 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Читать далее

16

Авг 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Читать далее

Подпишитесь на рассылку

22

Ноя 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Читать далее

16

Авг 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Читать далее

16

Авг 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Читать далее

Подпишитесь на рассылку

Ахбор

Бояд ба ҳам оем

  26 майи соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мулоқоти узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Рӯшон Фаррух Додхудо Муборакшо, муовини аввали раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботов, муовини сардори Раёсати кумитаи давлатии амнияти ВМКБ Абдураҳимов Абдукарим бо фаъолони Ҷамоати Рӯшон баргузор гардид, ки муҳтавои  асосии он вусъат додани  ташвиқоту  таблиғоти  масъулини  ситоди ноҳиявӣ оид ба пешгирии паҳншавии вируси Ковид -19 иборат буда, ба ҳозирин ахборот ва  тавсияҳои заруриро  фаврӣ манзур гардиданд.

  Муовини аввали раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботов маълум намуд, ки тибқи маълумоти  расмӣ дар табобатхонаи ноҳиявӣ бештар аз 10 нафар ва дар шаҳри Хоруғ зиёда аз 200 нафар беморон дар карантини инфиродӣ буда, табобат мегиранд. Хушбахтона, то ин дам далели  фавти одамон ба ташхиси аниқи коронавирус  ба қайд гирифта нашудааст. Ҳоло ки мавсими тобистон фаро мерасад ва ҷавонону донишҷӯёни зиёд аз шаҳри Душанбе ба зодгоҳашон  омадаанд, эҳтимоли бештар ҷамъ омадани онҳо ва зиёд шудани  манбаъҳои сироятшавӣ рух диҳад. Аз ин рӯ, таъкид намуд муовини аввали раиси вилоят, ниҳоят зарур аст, ки тавсияҳои  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Тоҷикистон ва дастуру  супоришҳои ситоди вилоятӣ дар бобати  пешгирии сироятшавӣ аз Ковид-19 бо имзои раиси ВМКБ тасдиқ шудааст, ҳатман ба иҷро расионда шаванд. Акнун зарурат пеш меояд, ки  рафтуомад аз деҳа ба деҳа, аз ноҳияҳо ба шаҳри Хоруғ ба таври қатъӣ маҳдуд карда шавад, то ки манбаъҳои паҳншавии  вирус кам ё тамоман аз байн раванд.

 Муовини аввали раиси ВМКБ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки  бо вуҷуди мураккаб будани авзои  иҷтимоии вилоят бар асари коронавирус, бархе аз афроди ҷиноятпеша вазъиятро боз ҳам мураккабтар карда, аз пайи амалӣ намудани  манфиатҳои  шахсӣ шуда, бадтар аз он издиҳому гуруҳи муайяни ҷавононро ба ҷонибдории худ ҷалб менамоянд. Ин афрод, ки собиқаи зиёди криминалӣ дошта, то 8 сол пештар барои нашъамандию нашъаҷаллобӣ ҳабс шуда буданд, имрӯз низ тавассути  марзшиканӣ  бо шаҳрвандони  Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар тамос шуда, ба контробанда машғул мешаванд. Бар ивази машруботи спиртӣ маводи мухаддир- афюн ва героинро ба даст оварда, чандин касонро ба дарду офат ва хиёнату ҷиноят гирифтор менамоянд… Боиси ҳайрату таассуф аст, ки афзуд муҳтарам Мирзонаботов ҳангоми гузаронидани амалиёти  фаврӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри дастгир кардани ҷинояткорон бархе аз ҷавонон онҳоро ҷонибдорӣ намуда, ба тафтишоти пешакии мақомоти  босалоҳият мушкилот нишон дода, ҳатто муқобилият нишон медиҳанд ва даъво пеш мегиранд, ки  гӯё шариконашон бегуноҳ буда, онҳоро қасдан муттаҳам кардаанд…

   Баҳри собит кардани гуноҳи қочоқчиён аз чораи ниҳоӣ, ки аслан махфӣ мебошад, мақомоти амният ба гумонбаршудагон ва «ҳомиёнашон» гуфтугӯи телефонии  онҳоро бо шаҳрвандони  Ҷумҳурии исломии Афғонистон, ки дар асоси қонун бо  иҷозаи мақомоти прокуратура якчанд маротиба сабт шудааст, дар ҳузурашон ба таври ошкоро шунавонда шуд. Бо вуҷуди ин дастгиршудагон  ба таъбире, баъди  шунидани сабти гуфтугӯяшон мулзам шуданд, ҳамоно, гуноҳро ба гардан намегиранд…

 Амалиёти  ҷинояткоронаи  ин гуруҳ- ба ҷони  сардори шуъбаи раёсати  амнияти  ноҳияи Рӯшон ҳангоми дастгиркунӣ бо корд зарари ҷисмонӣ расондан, автомашинаи «Нива»-ро сангборон карданд шарикони ҷиноятпешаро бо муқовимату таҳдид аз дасти муҳофизони  ҳифзи ҳуқуқ  «раҳо»  намудан ва бадтар аз ҳама ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир машғул шудан, албатта, бо парвандаҳои ҷиноятӣ варақгардон мешавад. Аз ин рӯ, афзуд муовини аввали раиси вилоят, ниҳоят зарур аст, ки фаъолони ноҳия, зиёиёни маҳал, ризокорон, бахусус, падару модарон, фарзандони онҳо, гуруҳи ҷавонон ҳам дар бобати  марази замон – коронавирус ва ҳам дар бобати  ҳуқуқвайронкунию содир кардани ҷиноят корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиддитар ба роҳ монанд.

 Муовини сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти ВМКБ суханони  муовини  аввали раиси вилоятро тақвият дода, хоҳиш намуд, ки  занону модарони меҳрубону ҷасур бояд дар ин қазия пешгом бошанд. Мавсуф, ҳатто дар бораи  ҷузъиёти содир шудани ҷиноят дар сарҳади Рӯшон ахборот дода, шароит фароҳам овард, ки  ҳозирон бо суҳбати  махфии  мобилии қочоқчиён бо шаҳрвандони Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва сабти видеоии  онҳо шинос шаванд, то ки мардум ва онҳое, ки  ҷинояткоронро бегуноҳ меҳисобанд, воқеиятро дуруст дарк карда, ҳангоми мулоқот бо мардум асли ҳақиқатро  ба омма расонанд.

  Пиромуни масъалаи доғ зиёиён, Х. Саидхонова, Қ. Ғуломшоева, М. Замонов, Ҳ.Мамадризоев, П.Давлатов фикру ақида  ва пешниҳодҳояшонро баён карда, изҳор намуданд, ки ба муқобили ҳар гунна ҳуқуқвайронкуниҳо аз ақли солим бояд истифода шавад ва дар марҳилаи ҳассос ҳамагон бояд аҳри амнияту саломатӣ бо ҳам бошем.

Расонаҳои ахбори ВМКБ, бахусус, телевизони «Бадахшон»  дар  бораи ҳодисаву  ҷинояти содиршуда аз ҷониби шаҳрванд Қобилов Шароф Қамурович-сокини  деҳаи Баррӯшон ва шариконаш  дар асоси далелҳои  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузориш пахш намуданд.

  Қазияи  мазкур  тибқи  қонун баррасӣ  шуда,  ҷинояткорон тибқи адолати судӣ  мавриди ҷазо қарор  хоҳанд  гирифт.