Субҳи имрӯз раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (FAO) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Олег Гучгелдиевро ба ҳузур пазируфтанд
Субҳи имрӯз муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (FAO) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Олег Гучгелдиевро ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оиди ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод намуданд. Қайд карда шуд, ки соҳаи кишоварзӣ дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар замони соҳибистиқлолии мамлакат хеле рушд ёфтааст.
Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) кӯшиши байналмилалӣ барои талаф додани гуруснагӣ ва дастгирии рушди кишварҳои аъзо дар соҳаҳои кишоварзӣ, моҳигирӣ ва ҷангалҳо мебошад. Мушкилоти ФАО ба баланд бардоштани сатҳи ғизогирӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии кишоварзӣ, беҳбудии зиндагии аҳолии деҳот ва мусоидат ба рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.
Дар рафти мулоқот тарафҳо оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону FAO, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди кишоварзии вилоят мубодилаи афкор анҷом доданд.
