ТАҶЛИЛИ ИДИ САДА ДАР НОҲИЯИ РӮШОН Имрӯз тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон бахшида ба Иди Сада дар саҳни Мактаб интернати Ҷумҳуриявӣ ноҳия маҷлиси тантанавӣ бо иштироки муовинони раис, кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сардорони идораю муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия чорабинии идона баргузор карда шуд.Дар оғози чорабини раиси ноҳияи Рушон муҳтарам Аҳмадзода Илҳом Шамол аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, хурокҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, меваю сабзавоти деҳқонону боғдорон ва кишоварзони ноҳия дидан карда, ба онҳо баҳои баланд доданд.
Баъдан, раиси ноҳияи Рушон муҳтарам Аҳмадзода Илҳом Шамол ба сухан баромада, ҳозирин ва ҳамаи сокинону кишоварзони ноҳияро ба муносибати таҷлили Иди Сада ҷашни қадимаю таърихии ниёгонамон табрику муборакбод намуда, қайд намуданд, ки ҷашни Сада дар фарҳангу таммадуни тоҷикон ҷойгоҳи ба худ хос дошта, мардум арзишҳои волои онро дар хотираи дури таърихии хеш на танҳо чун дурри гаронбаҳои маънавӣ ҳифз кардаанд, балки сарфи назар аз фишори аҷнабиён дар давоми ҳазорсолаҳо расму оинҳои худро вобаста ба талаботи давру замон васеъ таҷлил мекарданд.
Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки ҷашни Садаро ҳанӯз аз замонҳои қадим ниёгони мо панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзро то фарорасии ҷашни Наврӯз ҳисоб карда, таҷлил мекарданд. Яъне, Сада ҷашни омодагӣ ба Наврӯз ва омадагии марди деҳқон ба кишту кори замин буда, ин ду ҷашни қадима бо ҳам тавъам мебошанд.
Дар чорабинии мазкур ба як қатор кишоварзони фаъоли ноҳия ва собиқадорони ин соҳа ба Ифтихорномаи раиси ноҳияи қадрдонӣ карда шуданд.
Чорабинии фарҳангии ҳунармандони аҳли фарҳанги ноҳия идомабахаши ин чорабини буданд.














