WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Сиёсат

. “ГУЛДУХТАРОНИ ТОҶИК”

     Таҳти чунин унвон, 20 июли соли ҷорӣ дар қасри фарҳанги ноҳия бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии “Равшандилон” дар мусоидат бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рўшон ва бахши фарҳанги ноҳия консерти андалебони тоҷик, собиқадорони фарҳанги ҷумҳурӣ, ҳунармандони шоистаи мамлакат ва чеҳраҳои шинохтаи санъати волои миллӣ Сафарбегим Тошхуҷаева, Майсара Дилдорова ва Улфатмо Мамадумбарова доир гардид. 
      Бозгашти ахтарони дурахши санъати асил пас аз чандин солҳо бар саънаи созу наво ва замзамаҳои дилнишини онҳо барои мухлисон илҳому руҳияи бузург бахшида, ормонҳои чандинсолаи аҳли нишастро амалӣ намуданд.  Сурудҳои дустдоштании асри гузаштаи андалебони санъати тоҷик, ки маҳбуби ҳамагон ҳастанд аз ҷониби сарояндагони ҷавони вилоят замзама гардида, аҳли ҳунарро хушнуд гарддонданд. Бояд тазаккур дод, ки ансамбли рақсии “Навои Бадахшон” ва “Эҳё” бо рақсҳои дилкаши худ чорабиниро ҳусни дигар дода, аз санъати волои бадахшонзамин дарак медоданд. Дар рафти барномаи консертӣ, ҳангоми сурудхонии ҳунармандони боистеъдоду нотакрор аҳли толор аз ҷой бархоста бо муҳаббати беандоза барояшон каф куфтанду аз ҳунари волояшон ҳаловат  бурданд.  Барандаи маҳфил дар бораи ёддоштҳо ва хотираҳои неки ҳунармандон дар саҳнаи ҳунар дам ба дам сухан мекарду табассум дар чеҳраи онҳо хотираҳое аз ёди гузаштаро вонамуд месохт, ки ин муҳити самимӣ ва пур аз меҳру муҳаббатро чандин солҳо халқи фарҳангдусту санъаткори Рўшонзамин интизор буданд. 
        Бояд зикр намуд, ки мувоффиқи нақшаи масъулини барнома ҳунарманди нотакрор ва боистеъдод Нуқра Раҳматова низ  шомили ин чорабинии хотирмон буда, вале бо сабаби вазъи саломатиашон ширкат варзида  натавонистанд.  Аммо ин сабаб барои лаҳзат бурдан аз ҳунари воло ва эъҷодиёти бузургаш, мухлисони фарҳанги асилро ҷудо карда натавонист, чунки сарояндагони ҷавону боистеъдод онҳоро замзама мекарданд.
       Дар фарҷоми ин шоми пур аз меҳру хотирот Узви маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рўшон Додхудо Фаррух Муборакшо барои ташкилкунандагон ва масъулини чорабинӣ изҳори сипос намуда, зикр карданд, ки аз эъҷодиёти андалебони санъати тоҷик наслҳои зиёд баҳравар гардида,  солҳои тулонӣ сурудҳояшон дар хотир боқӣ хоҳанд монд. 

                                                     “ПАЙҒОМИ РӮШОН”