ТАҶЛИЛИ ИДИ САДА ДАР НОҲИЯИ РӮШОН Имрӯз тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон бахшида ба Иди Сада дар саҳни Мактаб интернати Ҷумҳуриявӣ ноҳия маҷлиси тантанавӣ бо иштироки муовинони раис, кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сардорони идораю муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия чорабинии идона баргузор карда шуд.Дар оғози чорабини раиси ноҳияи Рушон муҳтарам Аҳмадзода Илҳом Шамол аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, хурокҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, меваю сабзавоти деҳқонону боғдорон ва кишоварзони ноҳия дидан карда, ба онҳо баҳои баланд доданд.
Баъдан, раиси ноҳияи Рушон муҳтарам Аҳмадзода Илҳом Шамол ба сухан баромада, ҳозирин ва ҳамаи сокинону кишоварзони ноҳияро ба муносибати таҷлили…





