Озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Сипари боеэътимоди Ватан” дар ноҳияи Рушон ҷамъбаст гардид!
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рушон бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши наврасону ҷавонон ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани 27 – солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни толибилмони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ноҳия озмуни иншошои беҳтарин дар мавзӯи “Сипари боеэътимоди Ватан” баргузор намуда, озмунро санаи 24 феврали соли равон ҷамъбаст намуд. Дар озмуни мазкур хонанандагони болаёқату дониши хуб дошта ширкат варзида мувоффиқи ҷамъбасти баҳоҳо:
• Хонандаи синфи 11-и МТМУ #8 (гирандаи стипендияи Президентӣ) – Қурбонгули Мамадносир, сазовори ҷои аввал
• Хонандаи синфи 11-и МТМУ #9 – Бодурхонова Сабоҳат, сазовори ҷои дуввум
• Хонандаи синфи 7 – и МТМУ #11 – Исломова Дилфуза, сазовори ҷои саввум гардиданд.
Ғолибону ҷоизадорони озмун бо ифтхорномаҳо ва медалҳо ва ҳамзамон иштирокчиёни фаъол бо ифтихорномаҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия қадр гардиданд.