WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Пайғоми Рушон

НОМАИ ТАБРИКИИ раиси ноҳияи Рушон Имомназар Хоҷаназар Лутфулло ба муносибати Рузи Модар

Ба ифтихори ҷашни мубораку фараҳбахши Рузи Модар аз номи маќомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон ва шахсан аз номи худам тамоми модарон, бонувону духтарони азизи ноҳияро табрику таҳният намуда, барояшон хушбахтиву иќболи нек, толеи баланд ва рузгори ободу осударо орзу менамоям.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумњурии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ќадру манзалати зан чунин ќайд кардаанд: «Модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, ќадршиносӣ ва дустдорӣ мебошад, зеро у меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс буда, фарзанди худро бузургворона ва бо дилсузиву бахшоиш ҳамеша дастгиру пуштибон аст, ба хотири роҳату осоиши фарзандаш шабу рўз заҳмат мекашад ва намегузорад, ки нури чашмони у ба ранҷу озоре гирифтор гардад, бо ҷон мекушад, ки у бардаму солим ба камол расад, соҳиби илму маърифат шавад, касбу ҳунар омузад ва дар оянда барои ҷомеа хизмати сазовору шоистаро  анҷом диҳад».

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки занонро ҳамчун як ҷузъи муҳими ҷомеа дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла, сиёсат, иќтисодиёт ва маънавиёти кишвар ногузир медонад. Ба тасвиб расидани Фармони Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.12.1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани маќоми зан дар ҷомеа» боиси ба имзорасии як ќатор санадҳои меъёрии ҳуќуќӣ гардид, ки онҳо барои таҳкими маќоми зан дар ҳаёти иҷтимоии кишвар, беҳтар шудани вазъи намояндагӣ ва фаъолияти онҳо дар раванди идоракунии давлат такони ҷиддӣ бахшиданд.

Истиќлолият наќши бонувонро дар идораи  давлатӣ боз ҳам ба зинаи баландтар бардошт. Имрузҳо бонувони ноҳияамон баробари мардон номуси ватандориро ба души худ гирифта, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд.

Аксари кормандонро дар  соҳаҳои  маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва кишоварзӣ занон ташкил медиҳанд ва аз меҳнати фидокоронаи онҳо ин соҳаҳо дар сафи пешанд…

Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иќтисодии мамлакат аз ҷониби сарвари давлат соли 2017 дар     Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли Ҷавонон» эълон гардид. Ин иќдом дар татбиќи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон наќши назаррас бозида, барои боло рафтани ҳисси ватандустӣ, ташаккули тафаккури ҷавонон, ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносии онҳо  такони ҷиддӣ бахшид.

Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки ғамхории Ҳукумат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад, баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолият боќӣ хоҳад монд.

Зимни ироаи Паёми солонааш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ   Раҳмон    соли 2018-ро ”Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуд ва дар заминаи он, имруз шахсони ба  ҳунарҳои мардумӣ машғулбуда бо ибтикори Сарвари давлат   аз пардохти андозҳо озод гаштанд. Ин албатта, боиси пешрафти ин соҳа хоҳад шуд.

Имруз ҳам модарон-занон ва хоҳарони меҳрубони мо давомдиҳандаи кори пуршарафи насли пешин  дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мебошанд. Хоҳиши таманнои мо аз занону модарони арҷмандамон ин аст, ки  рисолати ҳамешагии хеш – тарбияи зебоиву иффат, ҳалолкориву поксириштиро дар замири фарзандонамон идома дода, насли наврасро дар руҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол расонанд, то ки онҳо тавонанд парчами кишварамонро дар уфуќҳои ояндаи дурахшон парафшон созанд.

Боварии комил дорам, ки занон-модарони Рушонзамин барои   амалисозии ин нуќта  ҷаҳд карда, бештар муваффаќ хоҳанд шуд

                 Идатон муборак,

         модарону  хоҳарони   азиз!