WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Ахбор

Машварати иттилооти оиди ҳуқуқи шахсони дорои имконияташон маҳдуд

Аз давраи истиқлолияти давлатӣ ба даст даровардани Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз самтҳои асосӣ ва  афзалиятноки сиёсати давлат ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, алалхусус ғамхорӣ нисбати ятимон, маъюбон, нафақахурон, шахсони яккаву танҳо, пирони бесаробон ва дастгирии иҷтимоии онҳо мебошад.

Бо ташаббуси бахши ҳифзи иҷтимоии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон ва Шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон оиди дастгирии шахсони дорои имконияташон маҳдуд дар таърихи 17.09.2019 дар Литсейи махсуси касбии маъюбони ноҳияи Рушон машварати иттилооти дар мавзуъи «ҳуқуқҳои шахсони иконияташон маҳдуд» баргузор гардид. Машваратро Маркази иттилооти захиравии «Инклюзия» дар ВМКБ бо роҳбарии Фарида Алибахшова ва намояндагии ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ВМКБ бо дастгирӣ ва маблағгузории «Барномаи рушди Созмони Миллали Мутаҳид» баргузор намуданд. Дар машварат 65 шахсони дорои имконияташон маҳдуд аз Ҷамоати деҳоти Н. Додхудоев, Ҷамоати Рушон, Ҷамоати Пастхуф, Ҷамоати Бартанг, Ҷамоати Басид иштирок намуданд. Машварат дар фазои озод барпо гардида, ба иштирокчиён имконият дода шуд, ки фикрҳои хешро озодона баён намоянд.

Иштирокчиёни машварат аз сӯҳбатҳои пурмутаҳои намояндагони Маркази иттилооти захиравии «Инклюзия» ва намояндагии ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ВМКБ рӯҳбаланд гардида, изҳори сипос намуда пешниҳод намуданд, ки чунин семинар- машварат бо шахсони дорои имконияташон маҳдуд бештар гузаронида шавад.

Бахши ҳифзи иҷтимоии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон бо ҳамкории Шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон дар оянда бо  ташкилотҳои давлати ва ғайри давлатӣ алоқаро мустаҳкам намуда, чунин чорабиниҳоро барпо менамояд.

Сармутахассиси бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон:                                   М.Хоркашова