Таърихи 6-уми сентябри соли равон ба ифтихори 28-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ќасри фарҳанги ноҳия ҷамъомади бошукуҳи оммавӣ баргузор шуд. Пеш аз оғози маҷлиси тантанавӣ Роҳбари гурӯҳи корӣ-оид ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Х.З, роҳбарияти ноҳия ва ҳозирин бо маҳсули дасти ҳунармандони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, ки дар саҳни Ќасри фарҳанг ба намоиш гузошта шуда буд, шинос шуданд…
Дар ибтидои ин тадбири муҳими сиёсӣ Парчами давлатӣ бо тантана вориди толори Қасри фарҳанг гардида, Суруди миллӣ бо овози асл садо дода, раиси ноҳияи Рушон Додхудоев Фаррух ва Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Х.З доир ба дастовардҳои беназири давраи истиқлолият маъруза карданд. Изҳор намуданд, ки ваҳдат ва истиқлолият мафҳуми ягона буда, тавассути фидокориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии халқи шарифи мамлакат ба даст омадаанд. Дар тӯли 28-соли Истиқлолияти давлатӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, моариф, илм, фарҳангу варзиш ҳам дар миқёси ҷумҳурӣ ва ҳам дар сатҳи вилояту ноҳия ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем, аммо бузургтарин неъмат барои халқи шариф ин сулҳу ваҳдат мебошад.
Дар ин рӯз аз ҷониби Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 3 нафар роҳбарони идораву муассисаҳо аз ҷумла Вазирова Иззатбегим – Директори филиали КВД «Тоҷиксуғурта» дар ноҳия, Бахтдавлатов Раҳматхудо- Сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилӣ дар ноҳия ва Ниёзбеков Ниёзбек-Раиси Ҷамоати Басид бо мукофоти давлатӣ яъне медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардиданд.
Ҳамзамон, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ба собиқадорони меҳнат ва фаъолони соҳаҳои гуногун Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаҳои раиси ноҳия ва тӯҳфаҳои моддию маблағӣ супорида шуд. Ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳия барномаи рангини идонаро аз қироати шеър, замзамаи суруд, рақс, ки саршор аз мавзӯи истиқлолияту ваҳдату дӯстӣ буд, тақдими мухлисон намуданд. Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар фазои дӯстию амонӣ сурат гирифта, мардум ба таври оммавӣ фароғат намуд.
Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия