WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

Ахбор

Маҷлисҳои тантанавӣ дар қаламрави ҷамоатҳои деҳот ва идораву муассисаҳо

Аз таърихи 3-ум то 5-уми сентябри соли равон бо иштироки Раиси ноҳия, муовинони раис, мудирони шуъбаву бахшҳои Мақомот ва Раисони Ҷамоатҳо тибқи Ҷадвал, маҷлисҳои тантанавӣ бахшида ба таҷлили 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ва идораву муассисаҳо баргузор гардид.

      Дар маҷлисҳои тантанавӣ суханрониҳо вобаста ба моҳияти истиқлолияти давлатӣ, арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ, Нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, ҳадафҳои стратегии мамлакат ва дастовардҳои беназири давраи истиқлолияти давлатӣ ироа шуданд.

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия