WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

Ахбор

16 август дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон машварати назорати баргузор гардид.

16 август дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии   ноҳияи Рушон машварати назоратии назди раиси ноҳия бо баррасии масъалаҳо оиди  иҷрои қарорҳои раиси  ноҳия баргузор гардид.

         Мудири  шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Шомансуров А «Дар бораи  нақша-чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,ки дар мулоқот бо зиёиёни эҷодкор 19 марти соли 2018 баён доштанд».

         Мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии   ноҳияи Рушон  Бориев М  «Дар бораи  фаъолияти комиссияи  доимии ҷамоатҳои деҳоти Н.Додхудоев ва Рушон оиди иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»   

         Мудири бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии   ноҳияи Рушон  Каримов С «Дар бораи тайёр кардан ва ба бойгонӣ супоридани парвандаҳо». Маҷлиси назорати масъалаҳоро баррасӣ намуда раиси ноҳия ба масъулин  супоришҳои мушаххас дод.