WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

Пайғоми Рушон

Мусобиқаи ҷумҳуриявии шоҳмот бори аввал дар ноҳияи Рӯшон баргузор шуд

  Аз 20  то 25  июл  дар   маркази ноҳияи Рӯшон  мусобиқаи ҷумҳуриявӣ  оид  ба шоҳмот      бо  ширкати  43 нафар  шоҳмотбозон аз  вилоятҳои  Суғд, Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе  ва  ноҳияҳои  тобеи марказ   баргузор гардид.

  Дар  ин  мусобиқа бонуфуз   устодон, номзадон ба устоди варзиши ҷумҳурӣ, дорандагони  разрядҳо оид  ба  шоҳмот,  инчунин,  дӯстдорони  шоҳмот, ки аз  маҳорати кофӣ  бархурдор  буданд,  байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон қувваозмоӣ  намуданд. 

  Мусобиқаро   сардовари мусобиқа Илҳом Юнусов ҷамбаст кард. Мавсуф   ба  роҳбарияти  ноҳия  барои  таъмини  шароити   мусоид  баҳри  буду  бош ва  тамрину  бозии   шоҳмотбозон  изҳори миннатдорӣ  намуда,  қайд  кард, ки  мусобиқа  дар сатҳи  баланди  ташкилӣ   доир  шуд.  80 фисади   иштирокдорони   мусобиқа  бори аввал ба Рӯшон, умуман, ба  Бадахшон омадаанд ва  бардошту  таассуроташон  аз  ин  диёри  меҳмоннавоз  хеле  хуб аст.

   Раиси  ноҳия Фаррух  Додхудоев дар   маросими пӯшидашавии  мусобиқа   шоҳмотбозонро  табрик ва  барояшон   комёбиҳои   навбатиро  таманно   намуд.

  Чойи аввалро номзад ба усдоти варзиш Юнусов Аъзам аз  дастаи «Хатлон-1», ҷойи дуюмро устоди варзиши  дараҷаи  байналмилалӣ Каримов Алишер аз  дастаи «Душанбе» ва   ҷойи  сеюмро   номзад ба  устоди варзиш Юнусов Муҳаммад аз  дастаи «Душанбе»  ишғол намуда ба  лигаи  олии кишвар роҳхат гирифтанд.  Дар  байни калонсолон  устоди  варзиш Саъдиев Олуча  барандаи  ҷойи  аввал  шуд.  Ба барандагони   ҷойҳои  1,2 ва 3   медалу   ифтихорномаҳои кумитаи варзиш  ва  кор  бо     ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим   гардид.

Раиси  ноҳия, инчунин  ба  ягона  иштирокчии мусобиқа  аз  байни  бонувон  намояндаи шаҳри Душанбе, устоди варзиш Мутриба Ҳотамӣ муҳра,  тоқӣ ва  ҷӯроби  помириро туҳфа намуд.

  7  нафар  барандагони    ҷойҳои  ифихорӣ дар  даври   ниҳоии  мусобиқаи  ҷумҳуриявӣ, ки  даҳаи  дуюми  моҳи август  дар   шаҳри Ҳисор  доир  мешавад,  ширкат меварзанд.

                                                                                                                        «Пайғоми Рӯшон»