WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

Варзиш Ҷавонон

Ҷамъбасти мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот дар ноҳияи Рушон

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот, ки тули 6 руз аз (20 то 25 июл) дар толори мактаб интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рушон байни 43 иштирокчӣ аз тамоми минтақаҳои кишварамон баргузор гардида буд, ҷамъбаст гардид. Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа раиси ноҳияи Рушон муҳтарам  Додхудоев  Фаррух  Муборакшоевич бори дигар иштирокдоронро ба ноҳияи зебоманзари  Рушонзамин хушомадед гуфта, таклиф намуданд, ки ташкилкунандагони чорабинии мазкур соли оянда низ метавонанд мусобиқаро дар ноҳияи Рушон гузаронанд. Пас аз суханрониашон раиси ноҳия ғолибон ва ҷоизадоронро бо медалу ифтихорномаҳои раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр намуданд.

Мавриди зикр аст, ки ғолибони мусобиқаи  ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.