WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Иқтисод

Агентии захираҳои моддии давлатӣ дар ноҳияи Рӯшон анборхонаи дуошёна ва Маркази хизматрасонӣ бунёд мекунад

ХОРУҒ, 24.07.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон анборхонаи дуошёна ва Маркази хизматрасонӣ бунёд кунад.

Зеро ҳамасола дар фасли зимистон яке аз роҳҳои душворгузари кӯҳӣ дар байни маркази ноҳияи Рӯшон ва ҷамоатҳои деҳоти водии Бартанги ин ноҳия бар асари тармаву сел ва сангчарх зуд-зуд  баста мешавад.

Аз ин рӯ ниҳодҳои давлатию хусусӣ дар интиқол додани  молу коло ба ин водӣ дар се моҳи фасли сармо душворӣ мекашанд. Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Маҷид Маҷидов гуфт, ки «ҳоло мутобиқи “Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии водии Бартанг”, ки  онро Ҳукумати ҷумҳурӣ ба тасвиб расонд, аз нисф бештари роҳи мошингарди ин водӣ ҳамвор ва васеъ гардида, корҳои таъмиру таҷдиди роҳ идома доранд. Аммо ҳанӯз ҳам баъзе аз қитъаҳои роҳ дар фасли сармо барои ҳаракати нақлиёт хатарзо буда, барои интиқоли борҳои зарурӣ монеа эҷод мекунанд. Бинобар ин Ҳукумати ҷумҳурӣ барои сари вақт интиқол додани маводи мавриди ниёзи аввал дар деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон соли гузашта таҳкурсии анборхонаи Агентии захираҳои моддиро гузошт. Қарор аст, ки он  дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад».

Бояд гуфт, ки молу колои зарурӣ дар ин анборхона қаблан захира карда мешаванд ва аз аввали баҳор то фасли тирамоҳ интиқоли он ба водии Бартанг оғоз меёбад.

Сохтмони анборхона ва маркази хизматрасониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шарқиншоот» бар уҳда дорад. Директори он Асадулло Ғайратов гуфт, ки дар ин мавзеъ дар баробари сохтмони анборхона барои маводи озуқаворӣ, ҳамчунин базаи нафт, мағозаи фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ, нуқтаи сӯзишворӣ, меҳмонхона ва ошхона  бунёд мегарданд. Бо мақсади бо гармӣ таъмин намудани иншоот дар фасли зимистон дар канори он буғхона бо зеристгоҳ сохта мешавад. То имрӯз  аллакай 85 фоизи корҳои сохтмонӣ анҷом пазируфта,  40 нафар аз бинокорон ба бунёди инфрасохтори иншоот машғул мебошанд. Баъди ба истифода супурдани ин иншоот қариб 20 нафар аз сокинони деҳот ба кори мавсимию доимӣ ҷалб мегарданд.

Татбиқи лоиҳаи мазкур аз як сӯ агар мушкилоти дастрасии сокинони деҳоти дурдасти ноҳияро ба маводи озуқаворӣ дар фасли зимистон осон гардонад, аз сӯи дигар, сатҳи бекориро коҳиш дода, ба симои деҳот ҳусни дигар зам мекунад.