WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

Ахбор

Маҷлиси ситоди ноҳиявӣ оид ба зимистонгузаронии солҳои 2019-2020.

Таърихи 23 июли соли равон дар толори хурди МИҲД-и ноҳия маҷлиси ситоди ноҳиявӣ оид ба зимистонгузаронии солҳои 2019-2020 баргузор гардид. Ба ситоди ноҳиявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия барои фаъолият дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020. Дар он аъзоёни ситод, сардорони идораву муассисаҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳо даъват карда шуданд.

      Ба муҳокимаи ситод рафти Қарори Раиси ноҳия оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 дар соҳаи маориф, фарҳанг ва Ҷамоатҳои деҳоти М.Абдулвосив, Н.Додхудоев ва Ҷамоати деҳоти Рушон гузошта шуданд.

       Аз тарафи Раиси ситод муовини авали Раиси ноҳия Дустализода Г барои сари вақт омода намудани идораву муассисаҳо ва аҳолии ноҳия ба тирамоҳу зимистони дар пеш истода ба мутасаддиён дастуру супоришҳои мушахас дода шуд.

Иҷрои қарори мазкур таҳти назорати раиси ноҳия қарор дошта, ҳар моҳ ситод даъват карда мешавад.