WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

Пайғоми Рушон

Китобхони беҳтарин байни ходимони дини ноҳияи Рӯшон муайян гардид

Кумитаи  дин,  танзими  анъана  ва  ҷашну  маросими  назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Амри Президенти Ҷумҳурии   Тоҷикистонро  дар   бораи  гузаронидан  озмуни   китобхонон таҳти  унвони «Фурӯғи  субҳи  доноӣ», ки   ба муносибати   ҷашн  30-солагии  Истиқлолияти  давлатӣ байни қишрҳои  гуногуни  ҷомеа  эълон  шудааст,   ба  назар   гирифта,  ходимони  дини  шаҳру  ноҳияҳои   кишварро  низ  ба  ин  чорабинии  воқеан  ҳам   муҳиму  таърихӣ ҷалб  намуд.

   22  июл  дар китобхонаи Маркази ҷавонони  ноҳия   даври ноҳиявии  ин  озмун  бо  ширкати  халифаҳо, муовинони  онҳо, ки     ҷамоатҳои Пастхуф,  Рӯшон,  Назаршо  Додхудоев ва  Муъминшо Абдулвасиевро намояндагӣ мекарданд,   баргузор   гардид.

   Довталабон, асосан,  дар номинатсияи азбар кардан  ва   хондани   осори адибони классики  форсу    тоҷик  донишу  ҳунарашонро нишони   доданд.

    Ҳайати  доварон, ки  кормандони    бахши  дин, танзими анъана ва  ҷашну  маросимимақомоти иҷроияи ҳокимияти   давлатии  ноҳия, аъзои   Анҷумани  тариқаи шиаи имомии исмоилии   ноҳия  ва  идораи   моҳномаи «Пайғоми Рӯшон» иборат  буд,  дар ҷамъбаст намояндаи Ҷамоати Рӯшон   Ватаниев  Лангаршоро сазовори  ҷойи аввал   донистанд. Ҷойи дуюм ба Мамадсолиев  Сабзалӣ (деҳаи Шидз)  ва ҷойи   сеюм  ба   Самадов  Аҳмад (деҳаи Баҷув)  насиб  гардид.  

 Мудири  бахши  дин,танзими анъана ва ҷашну  маросимҳои  ноҳия  Мероҷ Бориев  аз  номи раиси ноҳия   ба  барандагони  се  ҷойи аввал, мукофоти  пулиро  тақдим   намуд. 

                                                                                      «Пайғоми   Рӯшон»