WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Иқтисод

Муассисаҳои роҳсозии Бадахшон соҳиби 30 техникаву таҷҳизоти роҳсозӣ гардиданд

ХОРУҒ, 12.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  марҳилаи дуюми воридкунии техникаи нигахдории роҳҳои мошингард ба  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва минтақаи Рашт дар доираи лоиҳаи   «Нигохдорӣ ва рушди роҳҳо», ки дар заминаи  имзои созишномаи  грантиву қарзии  Бонки аврупоии таҷдид ва рушд таҳия гардидааст, оғоз ёфт.

Дар назди майдони ба номи Исмоили Сомонӣ корвони техникаву таҷҳизоти роҳсозиро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сокинони шаҳр истиқбол гирифтанд. Муовини аввали раиси вилоят Анвар Имматшозода ба Ҳукумати ҷумҳурӣ барои чунин кумаки судманд ва саривақтӣ изҳори сипос намуда, арз дошт, ки «назар ба дигар манотиқи кишвар дар Кӯҳистони Бадахшон  фасли сармо зудтар фаро мерасад. Ҳатто солҳое ба мушоҳида расиданд, ки аввали моҳи сентябр дар баъзе ағбаҳои кӯҳӣ барф борида, роҳро маҳкам мекард. Ба касе пӯшида нест, ки дар замони шӯравӣ роҳи Хоруғ-Душанбе ба муддати 6-7 моҳ баста буд. Дар замони истиқлолият ҳамеша роҳҳои мошингард боз ҳастанд. Танҳо роҳи баъзе аз деҳоти дурдасти водии Бартанги ноҳияи Рӯшон ва ноҳияи Ишкошим бар асари боришоти шадид дар муддати каме бештар аз як ҳафта масдуд мегарданд».

Умед аст, ки бо ворид гардидани ин техникаҳои пуриқтидори роҳсозӣ ҳамаи монеаҳо аз роҳҳо бардошта шуда, рафтуомади сокинони мамлакат бидуни мушкилӣ сурат мегирад.

Сардори Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои мошингарди вилоят Гулаёз Рамазонов гуфт, ки «30 адад техникаву таҷҳизот, ки маблағи он беш аз 2 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва аз кишвари ҳамсояи Чин интиқол ёфтааст, байни муассисаҳои роҳсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Рашт тақсим мешаванд. Бояд зикр дошт, ки Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди вилоят аз замони таъсиси  худ ин миқдор таҷҳизоти техникиро дастрас накардааст. Мо кӯшиш мекунем, ки онро дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ дошта, ба басташавии роҳҳо дар фасли зимистон роҳ надиҳем».

Дар давраи истиқлолияти давлатӣ бо кумаку дастгирии Ҳукумати мамлакат  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз бунбасти коммуникатсионӣ комилан раҳо ёфта,  ба яке аз гузаргоҳҳои транзитии байналмилалӣ мубаддал гардидааст.

Ҳоло 1300 километр роҳҳои мошингарди вилоят аҳамияти байналмилалӣ доранд. Ин роҳҳо Тоҷикистонро тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии Кулма, Қизил Арт бо Ҷумҳурии Мардумии Чину Ҷумҳурии Қирғистон ва 6 пули мошингузар бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пайванд месозанд.