WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

Маориф

Шӯро шуъбаи маорифи ноҳия

Дар санаи 01.07.2019 аз рӯйи наќшаи  солонаи шуъбаи маориф   аттестатсияи  омӯзгорони  таълимии   ноҳия тибқи  «Тартиби  аттестатсияи  кормандони  соҳаи омӯзгорӣ  ва илмии муассисаҳои  таълимии  Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ки бо қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз 07.07.2017,№281   тасдиқ  шудааст,  зиёда аз 111 нафар омӯзгорон  бо муваффақият  аз аттестатсия гузаронида шуданд. Илова  ба ин  дар худи ҳамин рӯз  Шӯрои васеи  муассисаҳои таълимии  ноҳия баргузор гардид. Дар Шӯро муовини   раис оид ба соҳаи  маориф ва фарҳанг Абдулмаинова  Заррина   иштирок  намуда, баҳри беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти  кормандони соҳаи маорифи ноҳия   тадбирҳои зарурӣ андешид.

   Дар интиҳои Шӯро мудири шуъбаи маорифи ноҳия  Нурҳаётов  Х   диққати  ҳамаи аъзоёни шӯроро  баҳри  муҳаё сохтани   шароити мусоид  барои  баланд бардоштани  сатҳи дониши хонандагон   ва фаъолияти омӯзгорон равона сохт.