WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

Занон

Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо»

Таърихи 1 уми июли соли равон бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оила  дар қасри фарҳанги ноҳия фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо»  доир гардид. Дар фестивали мазкур  дузандагони ҷамотаҳои  деҳоти  Н.Додхудоев  ва ҷамоати деҳоти  Рушон ширкат намуда либосҳои  худро  ба марази  тамошо гузоштанд. Ҳамзамон намоиши ҳунарҳои  мардумӣ  низ аз тарафи  ҳунармандон  пешкаши аъзоёни ҳакамон гардид.

Иштирокчиён  аз рӯи  5 номинатсия  либосҳои хешро  пешкаш намуданд.

  1. Либосҳои қадимаи кудакона
  2. Либосҳои рузмарра
  3.  Либосҳои маросимӣ ва идона
  4. Либосҳои раси мактабӣ
  5.  Навҳои гуногуни либоси болопӯш вобаста ба  фаслҳои сол.

Аз тарафи аъзои ҳакамон ҷойи якум  ба Мубалиева Санам, ҷойи  дуюм Алидодова Мунира ва ҷойи сеюмро ба Мамадорифова Амонбегим сазовор донистанд.

Дар охир иштирокчиён аз тарарфи бахши  кор бо занон ва оила мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти двлатии ноҳия бо ифтиохорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.