WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Ахбор

Машварати васеи назди раиси ноҳия

Таърихи 28 уми июни соли 2019 машварати васеи назди раиси ноҳия баргузор шуд, ки дар он мутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аз руи масъалаи рафти иҷрои қарори раиси ноҳия аз 6 июли соли 2017, №229 оиди иҷрои қарори раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони бадахшон аз 11 майи соли 2017,№154, Дар бораи қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2017,№158 «Дар бораи  Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону ҷавондухтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022  » баромад намуд.

Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Рушон оиди иҷрои қарори раиси  ноҳия аз 6  июли соли 2017, №229 дар бораи  қарори раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз  11.05.2017,  №154, оид ба  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.04.2017, №158 «Дар бораи Барномаи тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону ҷавондухтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» корҳои муайянеро ба иҷро расонид.

 «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат,  Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 6 марти соли 2015 дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба  Рӯзи Модар ва эълон гардидани «Соли 2015- соли оила» баён гардида ва тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи кафолатҳои  давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробарии амалигардонии онҳо», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» Стратегияи миллии рушди  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамӯҳлати  рушди Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020  ва баланд бардоштани нақш ва мақоми зан дар ҷомеа таҳия шудааст.  

 Бо мақсади иҷрои қарори номбурда,  қарори раиси ноҳия  аз 6.08.2017, №229 нақша- чорабиниҳои он таҳия ва қабул гардида, дар назорат мебошад.

  Нақша-чорабиниҳои қарори мазкур аз 21 банд иборат мебошанд .То имрӯз қисми  бандҳои нақша- чорабинӣ иҷро шудаанд, ва қисми  онҳо  дар ҳолати иҷрошавӣ қарор доранд.

Вазъи иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳо то имрӯз чунин аст.

Гузаронидани таҳлили гендерии раванди ташаккул ва истифодаи захираи кадрҳо ва таҳияи пешниҳодот оид ба ворид намудани тағйирот ба санадҳои меъёрии дахлдор

Аз байни кадрҳои роҳбарикунанда мудирони бахшҳо 37%, раисони ҷамоатҳо 28%, котибони ҷамоатҳо 14%, муовинони раис 50% аз байни занон кор мекунанд. Аз рӯи синну сол то 55 сола 2 нафар, аз 55 то 58 4 нафар, ва синни нафақа 1 нафар  ва 86% нафар бо ихтисоси омӯзгорӣ фаъолият доранд.

   Айни ҳол дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия  аз  83  нафар  хизматчиёни  давлатӣ- 27 нафар (32%)  занон буда, дар дастгоҳи раиси ноҳия  47 %,  дар сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ 29 %, дар дастгоҳи ҷамоатҳо 24 % аз байни занон фаъолият намуда истодаанд.

Мунтазам нав ва пурра намудани махзани кадрӣ аз ҳисоби занону духтарон барои хизмати давлатӣ, ки мӯҳлати иҷроишашон аз солҳои 2017-2022  мебошад.

  Оиди иҷрои банди дуюми нақша- чорабинӣ, яъне тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону ҷавондухтарони лаёқатманд қайд намудан зарур аст, ки ба ҳолати ҳозира дар соҳаҳои гуногуни ноҳия шумораи зиёди занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият намуда истодаанд. Бо мақсади ҷалб ва пешбарӣ намудани занҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2006,  №496  Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016 қабул гардид, ки барои баланд гаштани обрӯву нуфузи зани тоҷик дар арсаи сиёсат ва афзудани теъдоди занон дар сатҳи роҳбарикунанда замина гузошт.

   Баъди  қабули қарори мазкур дар самти  ба даст овардани намояндагии баробарии занон ва мардон дар мақомоти иҷроия ва дар ҳама сатҳҳои идоракунӣ муваффақиятҳои назаррас ба даст омадааст.Ба ҳолати ҳозира  аз байни занон  1 нафар зан муовини раиси ноҳия, 2 нафар раиси Ҷамоати деҳот, 1 нафар котиби ҷамоат, 3 нафар мудирони бахш мебошанд. Ҳамзамон  2 нафар вакили вилоятӣ,   8 нафар вакили ноҳиявӣ, 20-нафар вакили  Ҷамоат,  2 нафар сардори бонкҳо дар ноҳия,  1 нафар зан роҳбари Ҳизб,  20  нафар мудирони китобхонаҳо,  25 нафар мудирони бунгои тиббӣ,  1  нафар сарвари филиали омӯзишгоҳи  тиббӣ дар ноҳия,  143  нафар  ҳамшираи тиббӣ,  3  нафар зан духтури оилавӣ, 44 нафар раисони шӯрои занон ва 2  нафар сарвари хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд.

  Инчунин дар соҳаи маориф аз 44 нафар вазифаи  директорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 17 нафар  зан  ва аз 33 нафар ҷонишинони   директор оид ба корҳои таълимӣ,  11 нафар  зан  оиди корҳои таълиму тарбия ва 4 нафар  мудирии  муассисаҳои томактабиро  ба ӯҳда доранд.. Дар маркази  инкишофи  кӯдакони  синни томактабӣ 56 нафар мураббияҳо ба  таълиму тарбия машғул ҳастанд.

    Шумораи умумии омӯзгорон дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  775  нафарро ташкил дода, аз онҳо 480 нафар омӯзгор занон буда,  426 нафарашон бо маълумоти олӣ, 15 нафар бо маълумоти олии нопурра,  44 нафар маълумоти миёнаи махсус кор мекунанд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 125 нафар зан тахассуси категорияи олӣ, 126 нафар категорияи якум, 86 нафар категорияи дуюм ва 148 нафар омӯзгор  мавҷуданд.

Теъдоди занон дар муассисаҳои фарҳангӣ сол то сол зиёд шуда, 97 нафарро ташкил  медиҳад,  ки  37 нафарашон  роҳбарони муассисаҳои фарҳангӣ мебошанд.  Ба масъалаи  ҷобаҷогузории  кадрҳо аз ҳисоби занон ва ҷавондухтарони лаёқатманд дар ноҳия диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Дар соҳаи ҳифзи  ҳуқуқ 9 нафар  зан   кору фаъолият доранд, ки  2 нафари онҳо дар сатҳи кадрҳои роҳбарикунада, дар соҳаи коммуналӣ 13 нафар,  соҳаи алоқа 3 нафар,  раёсати молия  2  нафар, АСИН-5 нафар, САҲШ- 3 нафар кору фаъолият менамоянд.

Бонувон сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳуриро ҳаматарафа дастгирӣ намуда, сафи занони  ки аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ба 1484 нафар расидааст.

Имрӯз дар муассисаҳои табобатӣ 384 нафар духтурон дар хизмати халқанд, ки 23 нафари онҳо маълумоти олӣ доранд. Аз ин теъдод 13 нафар  дар маркази саломатии ноҳия кору фаъолият доранд. Аз ҷумла 1- нафар зан директори маркази саломатии ноҳия, 1 нафар  роҳбари маркази мубориза ба муқобили  касалии сил ва 1 нафар роҳбари маркази  мубориза ба муқобили касалиҳои тропикӣ   мебошанд.

Имрӯз дар ноҳия  филиали БДА №71  Амонатбонк,  Содиротбонк, Агроинвестбонк,  Аввалин  Бонки  молиявии  хурд   фаъолият мекунанд,  ки сарварии 2 бонк,  яъне Амонатбонк ва Агроинвестбонкро занон ба ӯҳда доранд.

    Шумораи занони соҳибкор  низ сол то сол зиёд шуда мешавад ва ба ҳолати имрӯза ба 108 нафар расидааст.  Давоми  се соли охир 5- нафар зан аз тарафи Кумитаи кор бо занон ва оилаи  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби гранти Президентӣ гардиданд ва  фаъолият мебаранд, аз ин ҳисоб ва  24  нафар зан соҳиби ҷойҳои нави корӣ гардиданд.

Дар филиали Маркази таълими  калонсолони  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон дар се моҳи аввали соли равон дар курсҳои кӯтоҳмуддати касбӣ 91 нафар зан аз  рӯи касбҳои коркарди муйина, бофандагӣ, таркдӯзӣ, қаннодӣ  ва омӯзиши забони англисӣ  фаро гирифта шудаанд.

    Дар  самти шаҳодатномакунии малакаҳои касбӣ, ки дар филиали  «Маркази таълими калонсолон» ба роҳ монда шудааст,  соли ҷорӣ 27 нафар зан соҳиби шаҳодатномаи тахассусӣ гардиданд ва аз руи барномаи худмаблағгузор 17 нафар зан бо касбҳои дузандагӣ, қаннодӣ, маҳсгарӣ, муолиҷавӣ,  забони англисӣ ва компютер омӯзонида шуданд.Яке аз масъалаҳои асосӣ ин фаро гирифтани духтарон ба таҳсил мебошад

гузаронидани таҳлили гендерӣ  оид ба дастрасии ҷавонон ва духтарон ба гирифтани таҳсилоти касбӣ бо назардошти ихтисосҳое, ки талабот ба онҳо зиёд аст

Омода намудани пешниҳодот оид ба зиёд намудани квотаҳои президентӣ барои духтарон ба ихтисосҳои менеҷмент,технологияҳои иттиллоотӣ-коммуникатсионӣ,кишоварзӣ ва пайгирии ҳамасолаи ҳолати таносуби квотаҳои ҷудогардида, ки  мӯҳлати иҷрои  банди мазкур моҳи июни соли 2017 пешбиниӣ шудааст.

    Яке аз масъалаҳои асосӣ ин фаро гирифтани духтарон ба таҳсил мебошад. Дар асоси квотаи Президентӣ ҳамасола дар донишгоҳ ва донишкадаҳои ҷумҳурӣ  шумораи зиёди духтарон таҳсил карда истодаанд.  Дар соли 2017 ҳамагӣ 12 квота барои духтарон ҷудо гардиданд, ки бо ихтисосҳои технологияҳои коммуникатсионӣ ва менеҷмент,  солҳои 2017-2018  квота барои духтарон ҷудо нагардидааст. Бо ихтисоси кишоварзӣ дар соли 2017  хонандаи мактаби  таҳсилоти миёнаи умумии №1 Мируллоева Азизбегим соҳиби квотаи Президентӣ гардида, дар Донишгоҳи Аграрӣ ба номи Ш.Шоҳтемур таҳсил карда истодааст. Дар соли 2018 бошад хонандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №12 Мавлоназарова Анора Хуҷаназаровна низ тариқи квотаи Президентӣ дохил шуда айни ҳол  донишҷӯйи Донишгоҳи Аграрӣ ба номи Ш.Шоҳтемур мебошад.

Гузароиндани тадқиқот ҷиҳати ба таҳсил фаро игрифтани духтарон ва муайян намудани сабабҳои аз таҳсил дур мондани духтарон

Бояд қайд намуд,  ки то ба ҳолати ҳозира аз таҳсил дур мондани духтарон ба назар гирифта нашудааст.

Баръакс дар ИДМ таҳсил доранд.

Ташкили таҳсили духтарон дар муассисаҳои пешрафтаи таҳсилоти олии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва хориҷи дур.

Ҳамасола теъдоди зиёди хонандагон, бахусус аз ҳисоби ҷавондухтарон шумораи зиёде дар донишгоҳҳои кишварҳои ИДМ таҳсил мекунанд. 

  Шумораи донишҷӯйдухтароне,  ки дар ИДМ таҳсил доранд, дар соли 2017, 9 нафарро ташкил дода, 1 нафар  дар Ҷумҳурии Қазоқистон, бо ихтисоси тиббӣ, 1 нафар дар  Ҷумҳурии Қирғизистон, донишҷӯйи институти забонҳо, ихтисоси омӯзиши забонҳо ва  7 нафар дар Федератсияи Россия бо ихтисосҳои  ҳуқушинос, метереология, педагогика, омузиши забонҳо илм омӯхта истодаанд. Дар соли 2018  бошад,  шумораи донишҷӯйдухтарон 6 нафарро ташкил медиҳад ки дар Федератсияи Россия бо ихтисосҳои тиббӣ, технолог, формағевт, ҳуқуқшинос, барномасоз ва сайёҳӣ таҳсил карда истодаанд.

Таҳким бахшидани фаъолияти Шӯрои духтарон тавассути ҷоннок намудани корҳои тарбиявӣ, аз қабили вохӯрӣ бо занон- роҳбарон, адибон ва шахсони барӯманд, ташкили мизҳои мудаввар ва конфренсияҳо дар муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумӣ

 Дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ Шӯрои духтарон таъсис дода шуда, байни занону аҳли қалам ва шахсони барӯманд мунтазам мизҳои мудаввар ташкил мегарданд. Мавзӯи асосии чунин вохӯриҳо диққати асосӣ ба илмомӯзии ҷавондухтарон мебошад.

Ташкили семинарҳо ва тренингҳои омӯзишӣ бо мақсади фаъолгардонии занон, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва малакаи касбии онҳо.

Бояд қайд намуд, ки ҳамасола семинарҳо ва омӯзишҳо бо мақсади фаъолгардонии занон доир мегарданд. Инчунин соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ семинарии серуза дар мавзӯи «Зан –роҳбар» баргузор гардид, ки иштироки бахш  дар ин  семинар назаррас буд.

Ҳавасмандгардонии донишҷӯйдухтарони лаёқатманди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои миёнаи умумии ҷумҳурӣ бо идрорпулиҳо

Барои  ҳавасмандгардонии толибилмони лаёқатманди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 нафар бо   стипендияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ки онҳо Асадбекова Зумрад  хонандаи  МТМУ №5, Алфияи Алиназар хонандаи  МТМУ №8 ва Амонбегими Карамхудо хонандаи МТМУ №7 буда, 1 нафар толибилм гирандаи стипендияи ВМКБ ва 1 нафар гирандаи стипендияи раиси ноҳия  мебошанд.

Инчунин қайд бояд кард,ки соли 2018 аз тарафи раиси ноҳия дар Тарабхонаи «Шоми Бадахшон» вохурии раиси ноҳия доир гардида баъзе донишҷӯйдухтарон бо тӯҳфаҳо ҳавасманд гардиданд.Ҳар сол аз тарафи раиси ноҳия барои ҳавасмандгардонии донишҷӯён идрорпулӣ бо маблағи 300 сомони ҷудо гардидааст.

Дар рӯзномаи «Пайғоми Рӯшон инъикос намудани намунаҳои фаъолияти пурмаҳсули занон дар сиёсат, иқтисодиёт ва ҳаёти ҷамъиятӣ»

 Дар инъикоси ҳаёти занон ва мушкилоти онҳо,  иштироки бонувон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа ва саҳми онҳо дар рушду нумӯи ноҳия   моҳномаи  ноҳиявии «Пайғоми Рушон» ва дигар воситаҳои ахбори  умум саҳмгузоранд. Аз ҳаёт ва фаъолияти занони барӯманд дар шумораҳои рӯзнома мақолаҳо мунтаззам дарҷ мегарданд.Ҳамзамон дар давоми соли 2018 10 мақола ва дар 5 моҳи соли равон 5 мақола ба нашр расиданд.Мақолаҳои  дар соли 2018 нашр гардида аз қабили  инҳоянд

  1. «Рӯшон бароям Сариосиё аст»дар бораи сармуҳосиби идораи корхонаи фаръии хизмати  коммуналӣ»,- «Пайғоми Рӯшон»_№9
  2. «Дастовардҳои мо»(мақолаи раиси Ҷамоати Муъминшо Абдулвосиев.)-«Пайғоми Рӯшон»№9
  3. «Шири модар-сарчашмаи ҳаёт»- «Пайғоми Рӯшон» №7
  4. «Дилнавозӣ-башорати нек»-«Пайғоми Рӯшон»8
  5. «Ганҷу зар пеши ҳунар –чизе нест»- «Пайғоми Рӯшон»№5
  6. «Тозакорони кӯча»- «Пайғоми Рӯшон №3»
  7. «Модари се шоир»- «Пайғоми Рӯшон №3»
  8. «Талош дар роҳи ҳунар»- «Пайғоми Рӯшон №1»
  9. «Бонуи масъулиятшинос»- «Пайғоми Рӯшон»№3
  10.  «Театр- макони тарбия» – «Пайғоми Рӯшон»№5

Дар соли 2019 бошад чунин мақолаҳо ба табъ расидаанд.

  1. «Меҳнат ва шуғл»-«Пайғоми Рӯшон»№3
  2. «Бонуи қолинбоф»- «Пайғоми Рӯшон»№4
  3. «Оила пойдевори давлат»- Пайғоми Рӯшон-№8
  4. «Гиромидошти Рӯзи оила »- «Пайғоми Рӯшон» №8