WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Ахбор

Мубориза бо терроризм кори дастҷамъист.

Яке аз зуҳуроти номатлубе, ки дар заминаи эътиқодҳои диниву мазҳабӣ ба амал меояд, Экстримизм мансуб мешавад, ки он имрӯз бо ҳар гуна роҳу восита ва мусоидати баъзе давлатҳои хориҷӣ ба кишварҳои тозаинқилоби Осиёи марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон интиқол ёфта, хатари ба миён омадани имконият ва заминаҳои дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва муҳимтар аз ҳама субботу амнияти ҷомеаро дар пай дорад.

    Экстримизм ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаргунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад.  Фаъоллияти ташкилотҳои ифротгаро асосан ба паҳн намудани маводи интишорӣ, филм ё сабти видео ва нашри адабёти экстримистӣ бо мақсади ташвиқи андешаҳои ботили зиддидавлатӣ равона карда шудааст. Аз фаъолияти экстримистӣ ҷавонону наврасон , ки дониши мукаммал ва таҷрибаи ҳаётиву сиёсӣ надоранд, бештар зарар мебинанд.  Онҳо ба ақоиди таҳрифшудаи динии ҷараёнҳои ифротӣ фирефта шуда, ҳамчун «олот» дар дасти иддае аз зархаридорони хориҷӣ барои амалӣ сохтани ниятҳои нопокашон истифода бурда мешаванд.

     Идеология аз ҳама усули паҳншуда ва муваффақи гурӯҳҳои ифротӣ мебошад, ки инсонро ба зудӣ ба гумроҳӣ мерасонад. Равияву гурӯҳҳо ва созмонҳои гуногуни ифротӣ тавассути идеологияи амиқу устувор ва ҳаматарафа  мураттабкардаи худ ба шуур ва ақоиду афкори ҷомеа, бахусус ҷавонон, ки аз ҳама насли осебпазир маҳсуб мешаванд, таъсир расонида онҳоро ба амалҳои ифротиву террористӣ ҷалб менамоянд.

     Як истилоҳи дигаре, ки имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ҳарос овардаст, ин терроризм мебошад. Терроризм зуҳуроти ниҳоят хавфноки замони муосир буда, бо шаклу тобишҳои гуногун амалӣ мегардад ва пешгӯӣ кардани он душвор аст . Терроризм амали зиддиҳуқуқии гурӯҳҳои алоҳидае мебошад, ки қонуният ва ҳуқуқи давлатро зери шубҳа қарор дода, ба ин васила даст задан ба даҳшатфиканию расидан ба мақсадҳои хешро асоснок карданӣ мешаванд. Зери мафҳуми терроризм ҷинояти дуздидани одам бо мақсади рӯёнидани маблағ, куштор дар заминаи сиёсӣ, усулҳои мудҳиши амалиётҳои ҷангӣ, рабудани нақлиёт ва силоҳ, яъне истифодабарии қувва фаҳмида мешавад, ки ба муқобили давлат, моликият ва манфиатҳои шаҳрвандон равона гардидааст.

     Мутаасифона  ду даҳсолаи охир таҳдиди терроризм хусусияти умумибашарӣ гирифта, сулҳу амнияти аҳли башарро зери хатар қарор додаст. Ин зуҳуроти номатлуб бо таъсири омилҳои муайян аз солҳои  80 – уми асри XX  сар карда рӯ ба афзоиш овард.

    Терроризм  ба кишварамон реша давонда шумораи зиёди ҷавонони гумроҳро ба доми худ кашида истодааст. Воқеаи нангине, ки таърихи  29 июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғараи  вилояти Хатлон аз ҷониби ноҷавонмардон аз ҳизби ҳаракатҳои дар кишвари мо мамнӯъ таҳрезию дастур дода шудааст  моро дар канор намонд. Чунин амалҳои ваҳшиёна иродаву матинати миллати моро шикаста наметавонанд. 

     Имрӯз иқтидори сайёҳии Тоҷикистон ва шароитҳои фароҳам овардашуда таваҷҷӯҳи сайёҳони зиёдеро ба худ ҷалб намудааст ва ин ҳодисаи нангин, ки аз ҷониби ҷавонони тундрав амалӣ карда шуд, наметавонад меҳмонавозии тоҷиконро халалдор созад ва барои ташрифи меҳмонон ва сайёҳон монеа эҷод кунанд.

     Хоинони давлату миллат фаромӯш накунанд, ки мо миллати тавоноем аз равиши таърихи худ таҷрибаи зиёде дорем, ки ягон ақидаву фишорҳо ва чунин амалҳои ваҳшиёна иродаву матини миллати моро шикаста наметавонад. Мо  ҳар сония, ҳар дақиқа, ҳар лаҳза ва ҳамеша омодаем, ки ин марзу буми худро аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ҳифзу ҳимоя намоем.

     Терроризми муосир, ки ба тамоми инсоният таҳдиду хатари маргборро ба бор меоварад, решакан намудани он вазифаи асосии ҳар як давлату миллат ва вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад.

    Инчунин, муассисаю ташкилотҳои дахлдор аз ҷумла, мактабҳои миёна ва муассисаҳои олӣ вазифадоранд, ки дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун ва беҳтар намудани сатҳу сифати худшиносию масъулиятшиносии насли ҷавон чораҳои зарурӣ андешанд, чунки ташаккулёбии ҷаҳонбинии шогирдон ба шахсияти устодон ва сифати таълиму тарбияи онҳо вобастагии зиёд дорад.

    Волоияти қонун ва ҳуқуқу озодиҳои инсон, эҳсоси инсондӯстию ватандӯстӣ барои ҷавонон ҳамеша дар мадди аввал қарор дошта бошад.

Саидхонова Х Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рушон