WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Сиёсат

Тоҷикистон раёсат дар Форуми ҳамкорӣ оид амнияти САҲА-ро ба зимма гирифт

ДУШАНБЕ, 13.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамкории ҳарбӣ-сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ, баланд бардоштани иштироки занон дар равандҳои тасмимгирӣ дар соҳаи амният, бартараф кардани таҳдиди силоҳи сабуки оташфишон (SALW) ва мудирияти захираҳои силоҳи муқаррарӣ (SCA) аз афзалиятҳои раёсати Тоҷикистон дар Форуми ҳамкории амниятии (ФҲА) САҲА мебошанд. Форуми мазкурро 8 май муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода дар Вена расман ифтитоҳ бахшид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) иттилоъ медиҳад.

Тавре дар хабари интишорнамудаи  САҲА омадааст, Саидзода дар ҳузури намояндагони кишварҳои иштирокдори САҲА ва Шарикон оид ба ҳамкорӣ дар Форум сухан ронда, зикр намуд, ки «Тоҷикистон тасмим дорад уҳдадориҳои худро ҳамчун Раис бар асоси принсипҳои муқаррарнамудаи баробарӣ, эҳтироми мутақобила, тавозун ва давомдор софдилона иҷро намояд. Ин бори аввал аст, ки Тоҷикистон раёсат дар ФҲА-ро бар зимма мегирад».

«Вазифаи асосии мо идома додани корҳои ҷорӣ оид ба такмили минбаъдаи механизмҳои назорат дар соҳаи ҳарбӣ-сиёсӣ хоҳад буд», — гуфт ӯ.

Саидзода афзуд, ки Тоҷикистон САҲА-ро ҳамчун як созмони бонуфузи минтақавӣ, ки метавонад доираи васеи масоили амниятӣ ва ҳамкории дорои иқтидори назаррасро бар нафъи амалҳои самарабахш ҳал намояд, арзёбӣ мекунад.

Ӯ ҳамкории зичи мавҷудаи миёни Тоҷикистон ва САҲА-ро дар соҳаи ҳарбӣ-сиёсӣ таъкид намуда, изҳор дошт, ки раёсати Тоҷикистон дар ФҲА бар он такя хоҳад кард.

«То имрӯз аз ҷониби САҲА дар Тоҷикистон тақрибан 26 000 адад силоҳи сабуки оташфишон ва зиёда аз 30 тонна боқимондаи лавозимоти ҷангӣ нобуд карда шуданд. Дар давраи солҳои 2009-2018 тақрибан се миллион метри мураббаъ заминҳое, ки пур аз минаҳо ва лавозимоти ҷангии нотаркида буданд, тоза карда шуданд», — гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, муқовимат ба таҳдидҳои силоҳи сабуки оташфишон ва мудирияти захираҳои силоҳи муқаррарӣ дар минтақаи САҲА аз афзалиятҳои раёсати Тоҷикистон хоҳанд буд.

Дар робита ба афзалиятҳои дигари Тоҷикистон, Саидзода зикр кард, ки таваҷҷуҳи хоси раёсати Тоҷикистон дар ФҲА ба ҷанбаҳои ҳарбӣ-сиёсии амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва зарурати таҳкими ҳамкории САҲА бо созмонҳои минтақавӣ Осиёи Марказӣ равона хохад шуд.

Ба гуфтаи Саидзода, ба ин вазъи амният дар Афғонистон пайвастагӣ дорад, зеро мавҷуд будани теъдоди зиёди лавозимоти ҷангӣ ва силоҳ дар ҳудуди шимолии Афғонистон аз он шаҳодат медиҳад, ки вазъи дарозмуддати сарҳад носубот боқӣ мемонад.

Ӯ афзуд, ки Тоҷикистон низ оид ба муҳимияти нақши занон дар соҳаи амният, аз ҷумла иштироки онҳо дар раванди тасмимгирӣ мубоҳисаҳо мегузаронад.

Мусоидат ба раванди татбиқи муқаррароти қатъномаҳои 1540 Шӯрои амнияти СММ оид ба паҳн накардани силоҳи қатли ом, тадбирҳои таҳкими эътимод ва амният дар соҳаи ҳарбӣ-сиёсӣ, талошҳои минбаъда оид ба ҳамоҳангии мавқеи умумии давлатҳо нисбат ба санади такмилгардидаи Вена самтҳои дигари таваҷҷуҳи раёсати Тоҷикистон хоҳанд буд.

«Тоҷикистон умедвор аст, ки дар муколамаи воқеӣ саҳми худро мегузорад. Шуморо мутмаин месозам, ки Тоҷикистон раёсати худро дар ФҲА бар асоси баробарӣ ва бетарафӣ амалӣ мекунад», — гуфт Саидзода.