HomepageСиёсатҶоми Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон насиби волейболбозони дастаи Рушони 2 гардид. Сиёсат Ҷоми Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон насиби волейболбозони дастаи Рушони 2 гардид. April 6, 2026 Тамошо карданд: 6 Post navigation Previous PostНаврӯзи РӯшонРӯзи 21 март кӯчаҳои деҳаи Баррӯшон серодам буд. Мардум сару либоси идона бар тан машғули гаштугузори идона. Наврасону ҷавонон машғули бозиҳои Наврӯзӣ ва хандаҳои шодмононаи онҳо баланд садо медод.Шиору овезаҳои мухталифи Наврӯзӣ деворҳои биноҳои ҳукуматӣ, муассисаҳои таълимиву мағозаву корхонаҳоро оро медоданд.Дар варзишгоҳи деҳа идораву муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои деҳқонӣ намоиши идонаро пешкаши тамошобинон намуда, дар рухи ҳар яки онҳо шодиву фараҳ ҳувайдо. Созу суруди наврӯзӣ дар ҳавои варзишгоҳ танинандоз.Мардум интизори роҳбарияти вилояту ноҳия.Расо соати даҳ роҳбарияти ноҳия дар ҳайати сарпарасти ноҳияи Рӯшон аз Ҳукумати Марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, муовини якуми раиси ВМКБ Сафарзода Шарифхон, раиси ноҳияи Рӯшон Аҳмадзода Илҳом Шамол ба дарвозаи варзишгоҳ расиданд. Дар пеши дарвоза бонувон меҳмононро бо дуҳули даф, ки рамзи хушбахтиҳост истиқбол карда, пас шогирдони мактаби санъат ва макотиби ноҳия меҳмонони олиқадрро бо қироати шеърҳо дар васфи Наврӯзи аҷам ва рақсу суруди хушомадӣ пешвоз гирифтанд.Баъдан меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастовезҳои идораву муассисаҳои ноҳия, муассисаҳои таълимӣ, кормандони ҳифзулсиҳат, корхонаҳои саноатии ноҳия, маҳсулоти хоҷагиҳои деҳқонӣ, хӯрокҳои миллии дар худи варзишгоҳ тайёр шуда дидан карда, ба заҳмати мардум баҳои баланд доданд.Баъдан меҳмонон навхонадоронро ба ифтихори издивоҷашон муборакбод гуфта, ба онҳо шаҳодатномаи ақди никоҳ ва маблағи пулӣ тақдим карданд. Ҳамчунин ба халифаҳои расмии ноҳия ва собиқадорони меҳнат низ маблағҳои пулӣ ба хотири гиромидошташон супориданд.Сипас сарпарасти ноҳияи Рӯшон аз Ҳукумати Марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, баъдан муовини якуми раиси ВМКБ Сафарзода Шарифхон ва сипас раиси ноҳияи Рӯшон Аҳмадзода Илҳом Шамол сухан карда, ҳозирин ва дар шахсияти онҳо тамоми мардуми тоҷикро ба ифтихори ин ҷашни бузурги ниёгон табрику муборакбод гуфтанд.Аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия композитсияи адабӣ мусиқии “Наврӯз оламафрӯз” пешкаши меҳмонон ва аҳли нишаст гардонда шуд, ки саропо аз сурудҳои наврӯзиву баҳори нозанин иборат буд.Пас аз нисфирӯзӣ бозиҳои варзишӣ аз қабили гӯштини миллӣ, арғамчинкашӣ, волейболбозӣ ва ғайра доир гаштанд.Дар Ҷашни Наврӯзи Рӯшон меҳмонону паҳлавонону варзишгарон аз навоҳии Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, шаҳри Хоруғ, Роштқалъа ва Ишкошим ширкат варзиданд.Дар бозии волейболи занона ҷавондухтарони маркази ноҳия бо шогирдони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 ва дар бозии волейболи мардона тимҳои деҳаи Бардара ва Деҳ бо ҳам рақобат карданд ва ҷавондухтарони маркази ноҳия ва тими деҳаи Деҳ ғолибиятро ба даст оварданд.Дар арғамчинкаши дастаи варзишгарони ноҳияи Ванҷ ба дастаи ноҳияи Рӯшон ғолиб баромада, соҳиби мукофот гардиданд.Дар гӯштини миллӣ шоҳҷоизаро варзишгари номии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шакармамадов соҳиб гашт.Гаштугузори идона то бегоҳ идома ёфт. Шумо инчунин мехоҳед хабарҳои дигар бихонед. Сиёсат Аз таҳя ва паҳн кардани маводи марбут ба созмонҳои террористӣ экстремистӣ худдорӣ намоед!!! Рушон July 24, 2023 Сиёсат Дар Душанбе масъалаҳои инъикоси дунявият дар адабиёти классикии тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифтанд Рушон February 21, 2022 Сиёсат 14.06.2021. РӮШОН. Рушон June 15, 2021 Сиёсат Пресс-центр Пограничных войск ГКНБ Республики Таджикистан сообщает Рушон September 17, 2022
Сиёсат Аз таҳя ва паҳн кардани маводи марбут ба созмонҳои террористӣ экстремистӣ худдорӣ намоед!!! Рушон July 24, 2023
Сиёсат Дар Душанбе масъалаҳои инъикоси дунявият дар адабиёти классикии тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифтанд Рушон February 21, 2022