Ҷиҳати ошноӣ пайдо кардан аз раванди корҳои бунёдӣ дар биноҳои ҷашнӣ, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикисон Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон аз ноҳияи Рӯшон боздид намуданд.
Дар баробари иншоотҳо, имрӯз дар ноҳияи Рӯшон сокинон ба бунёд намудани гармхонаҳо шуғли зиёд пайдо намуда, рӯз аз рӯз дар ин ноҳия теъдоди гармхонаҳо зиёд шуда истодаанд. Калонтарин гармхона, ки имрӯз аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Ҳамдам Давлатмамадов бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва шарикони рушд ба роҳ монда шудааст, ки дар гармхонаи мазкур корҳои сохмонӣ аз моҳи октябри соли 2022 шурӯъ гардида, тибқи нақша моҳи феврали соли равон ба анҷом мерасад. Баъди ба анҷом расонидани корҳои васлкунии гармхона, 24 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадхашон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикисон Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон аз ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ сипосгузорӣ намуда, ҷиҳати зиёд намудани чунин гармхонаҳо дар дигар ноҳияҳои вилоят, ба соҳибкор дастур доданд.






