Санаи 11.03.2024 ҷаласаи назди иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯшон доир гардид, ки дар он муовинони раис роҳбари дастгоҳ сардорони идораву муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот ширкат варзиданд. Дар ҷаласаи масъалаҳо оиди иҷрои супоришҳои протоколӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯшон Аҳмадзода Илҳом Шамол оиди масъалаҳои ҷорӣ аз ҷумла даъвати ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ, омодагӣ ба Ҷашни байналмиллалии Наврӯз, тозаву озода нигоҳ доштани гирду атрофи идораву муассисаҳо ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, инчунин сари вақт супоридани андоз ва ба таври нақдӣ пардохти маблағҳои бучетӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.
Дар фарҷом муовини раиси ноҳия оид ба корҳои идеологӣ Сабзалии Мамадисо оиди дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 9 марти соли 2024 дар мулоқот бо фаьолони ҷомеа, ходимони дин,занон ҷавонон доир гардид, суханронӣ намуд.


