Бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор андохтани агрегати дуюми НБО Роғун бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон, дар ҳамкорӣ бо ҲХДТ дар ноҳияи Рушон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 мизи мудаввар дар мавзуи «Нақши Зан дар раванди Истиқлолият» доир гардид. Дар мизи мудаввар 3 мавзуъ мавриди баррасӣ карор гирифтанд. Мавзӯи аввал «Нақши Зан дар раванди Истиқлолият» аз тарафи мудири бахши кор бо занон ва оила, мавзӯи дуюм «Дастовардҳои истиқлолият» аз тарафи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия ва мавзӯи сеюм «Истиқлолият-неъмати бебаҳо» аз тарафи омӯзгори муассисаи мазкур мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар мизи мудаввар инчунин хонандагон низ ширкат варзида, оиди мавзӯъҳои дар боло зикргардида баҳсу мунозираҳо намуданд.
